Факултети таърих ва ҳуқуқ: Артиши миллӣ – ҳомии марзу бум ва амнияти давлат
Санаи 22-уми феврали соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-иноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҷрибаомӯзони курси 4-уми шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳ – мактаби ҷасорат, қаҳрамониҳо ва садоқат ба Ватан” баргузор гардид.
Дар конференсия мушовир-методист, дотсент Ш.Ҳошимова мушовир–педагог, дотсент Р.Мавлонова ва таҷрибаомӯзони курси 4-уми шӯъбаи рӯзона иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро директори мактаби мазкур Холшехов М. оғоз намуд.
Сипас, таҷрибаомӯзон Мирзобеков Шодибек ва Ӯлмасов Улуғбек дар мавзӯи “Артиши миллӣ – ҳамчун ҳомии марзу бум ва амнияти давлат” баромад намуда, оид ба ташкилёбӣ ва инкишофи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо пешниҳод намуданд.
Қисми адабӣ – мусиқӣ бо иштироки хонандагони синфи 8 “А” намоиш дода шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил