Бардошт аз суханронии Пешвои миллат
Чун ҳамасола санаи якуми сентябр дар сар то сари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он Рӯзи дониш ва дарси сулҳ истиқбол гирифта мешавад. Санаи якуми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи давлатӣ идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ман ҳамроҳи устодон ва ҳамсабақонам онро тариқи оинаи нилгун тамошо кардем. Баъди шунидани чунин баромад аз тарафи Пешвои муаззами миллат, ба худ қавл додам, ки дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунам ва баъди хатми он мутахассисиба талаботи замон ҷавобгӯ шуда, барои модар ватани худ Тоҷикистон софдилона хизмат менамоям.
Хушбахтона соли равон донишҷӯи курси сеюми факултети биология – химияи ин муассисаи таълимии бузурги кишвар мебошам. Ин сол соли сеюм аст, ки мо ҳамроҳи устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш ва дарси сулҳро пешвоз мегирем.
Ман аз баромади Президенти мамлакат як ҷаҳон маънӣ бардошт намудам. Он касс зимни баромади худ гуфтанд, ки ҷавонон ояндаи пуриқтидори миллат мебошанд ва бояд мо – ҷавонони даврони истиқлолият аз илму дониши замони муосир омӯзем. Пайваста китобҳои бадеиро аз бар намоем ва дар баробари забони модарии худро донистан боз моро зарур аст, ки ду-се забони хориҷиро омӯзем, чунки донистани забонҳо ин ҳалкунандаи ҳар як мушкилоти пеш омада барои мо мебошад.
Аз рӯи ихтисоси интихоб кардаи худтаҳсили хешро дар факултет идома дода, аз роҳу усулҳои гуногуни пешаи омӯзгорӣ баҳраманд мегардам ва боварӣ дорам, ки дар оянда мутахассиси соҳаи афзалиятноки кишвар, ки онро маориф ташкил медиҳад, саҳми хешро мегузорам.
Мубина Умарова, донишҷӯи соли сеюми факултети биология ва химия, ихтисоси химия