​ Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ: Донишҷӯёни донишгоҳ 47 медал ба даст оварданд

17-18-уми апрели соли ҷорӣ, дар Мактаби варзишии бачагону наврасони №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқоти ҷумҳуриявӣ, даври дуюм байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои варзиши сабук, аз қабили давидан ба масофаҳои гуногун, ҷаҳиш ба дарозиву баландӣ, партофтани найза, лаълича, гурз, гулӯла ва ғайра баргузор гашт.

Мусобиқот байни донишҷӯёни муассисаҳои олии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ва Академияи №4-уми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

20 донишҷӯ шарафи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-ро ҳимоя намуда, дар натиҷа 47 медал, 34 тилло, 8 нуқра ва 5 биринҷиро сазовор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ