​Изҳорот: Шояд боз як фитнаи дигаре бошад!

Мегӯянд, ки ҳамаи омаду ноомади зиндагӣ, тақдири инсон, дарозии умр ва ризқи он ҳангоми дар батни модар будан, аз тарафи Яздони пок навишта мешавад.

Мехостем оид ба тақдири инсоният якчанд фаҳмиши худро баён дошта бошем. Наваду нуҳ дар сади шаҳрвандони ҷумҳуриамон мусулмон ҳастем ва ҳамаи каму кости зиндагӣ ва пешравии онро аз Яздони покмедонем. Ҳар як шаҳрванд, қатъи назар аз мансаб бо ягон сабаб – сабаби беморӣ, садама, ғарқ шудан дар об ва ғайраву ғайра вафот мекунад. Як ривояте ҳаст: «Роҳгузаре аз дашт гузашта истода дид, ки гандумзоре ҳаст, ки дар он гандумҳои пухтаву нопухта,пасту баланд ва касе аз тараф онро медаравид. Ин роҳгузар ба манзил расиду ба бузурги Худо воқеаи дидаашро ҳикоя кард. Бузурги Худо онро чунин маънидод карданд: Он гандумзор ин насли одамизод асту, шахси дараванда ин ҳасти Изроил, ки ҷони одамро мегиранд».Яъне ҳангоми риштаи умр канда шуд, пиру ҷавон ҳама баробаранд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳодисаи ҳафтаи аввали моҳи июл – интиқоли маҳбусон аз Хуҷанду Истаравшанва заҳролудшавии якчанд нафари онҳоро ҳазорҳо нафарон хондаву шунидаанд. Ҳар як хонанда ин ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ доданаш мумкин аст. Мумкин аст, ягон шахси нотавонбин бо ин кирдори худ боз давлату давлатдориамонро бад нишон диҳад. Саволе ба миён меояд, чаро аз 128 нафар маҳбусон16 нафари онҳо заҳролуд шуданд? Агар нисбати маҳсубон ягон ғаразе мебуд, онҳо ҳама заҳролуд мешуданд.

Бинобарон мо аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурӣбоварӣ дорем, ки ин ҳодисаро маҳкум карда, онро воқеъбинона шарҳ дода, ба ягон хел ташвиқотҳои ғаразноки аъзоёни ҳизбҳои ифротгаро бовар намекунанд.

Мо ба ҳамаи падару модарон ва хешу ақрабои фавтидагон сабри ҷамил мехоҳем.

Устодони кафедраи анализи математикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ