​Андар ситоиши нур

Дар ҳамаи давру замон барои аҳли башар равшаниву нур рамзи покиву раҳнамоӣ буд. Дар шаби тор мардум аз равшании ситорагон раҳҷӯӣ мекарданду рӯзона партави Офтоб ба аҳли башар гармиву саодат меовард. Аз ин сабаб аст, ки қариб дар ҳамаи динҳои қадимаву кунунии аҳли башар равшанӣ ситоиш гаштааст.

Симои пайғамбарону авлиё, подшаҳони ҷасуру бебок, фариштагону қувваҳои некӣ тавъам бо нур таҷассум меёфтанд.

Гузаштагони шарафманди мо – ориёиён низ ба равшанӣ арҷ мегузоштанд. Нафарони соҳибфазилатро дорои фарр – нури эзадӣ меҳисобиданд. Паҳлавонону ялон ва шоҳон бо фарри равшан тасвир мегаштанд.

Дар дуои ҳамарӯзаи худ чунин дуо мекарданд: «Ҳурмаздхудой бузургиву фарр биафзоёд!» Яъне аз Эзади тавоно афзудани бузургиву нурро талаб мекарданд, ки ин дар Авасто зикр гаштааст. Ҳамчунин дар китоби номбурда Офтоб, ҷирмҳои осмонӣ, ки аз худ нуру равшанӣ хориҷ мекунанд, ситоиш гаштааст.

Хуршедро мададгоре медонистанд, ки тезасп асту зуд ба мадади мардум меояд. Онро дар ниёиш чунин меситоиданд: «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезасп ба ёрӣ бирасод!»

Дар ниёишҳои худ аз манбаи равшанӣ дар шаб – Моҳ низ мардум ёрӣ мехостанд: «Моҳи раҳонанда ба ёрӣ бирасод!». Ҳамин тариқ доир ба ситораю сайёраҳои равшан низ, ки манбаи нуранд, ситоишҳо ҷой доштанд.

Дар баробари ин инсонҳо оташро ҳамчун таҷаллии нури Яздон, ҳамчун Хуршеди хурд медонистанд ва онро низ ситоиш мекарданд. «Дуруд бар ту ай оташ! Ай беҳтарин офаридаи сазовори ситоиши Аҳурамаздо» - гуён онро ниёиш мекарданд.

Дар замонҳои бостонӣ оташ ҳамчун наҷотдиҳанда ва нерӯбахши инсонҳо буд. Он имкон дод, ки маъданҳоро об кунанд, мису оҳанро аз онҳо ҷудо карда, барои худ асбобу ашё омода кунанд. Маҳз бо нерӯ ва гармии оташ оҳангарон, сафолгарон, намояндагони касбҳои дигар низ тавонмандӣ ва қувваи инсонро васеътару фарохтар мегардониданд. Оташ ба мардум гармӣ ва тавоноӣ мебахшид. Оташ мушкилоти пайдошударо рафъ мекард. Он манбаи нуру гармӣ буд.

Об нерӯи пешбар

Дар баробари оташ об ҳам ҳазорҳо маротиба дар хамаи динҳои олам ситоиш гаштааст. Дар «Авасто», «Таврон», «Инҷил», «Қуръон» ва дигар китобҳои муқаддаси аҳли башар низ об ситоиш мешавад ва мӯъҷизаҳои зиёдеро бо об рабт медиҳанд. Пайғамбари Банӣ Исроил бо муъҷизаи асои худ пеши роҳи Баҳри Сурхро мекушояд ва қавмашро аз ситами Фиръавну фиръавниён наҷот мебахшад.

Тибқи маълумоти Қуръон Худованд ба инсон қудрати тасхири обҳои ширинро додааст. Аз ҳамин сабаб аксарияти иншооти вобаста ба об дар дарёҳо ва ё кӯлҳои обашон ширин бунёд гаштааст. Пеши роҳи дарёҳои обашон ширинро инсон гирифта метавонад, аммо ҷараёни обҳои баҳру уқёнусҳои обашон шӯрро ҳаргиз идора карда наметавонад.

Аз давраҳои бостонӣ мардум нерӯи обро истифода мекарданд. Бо қувваи об параҳои осиёҳо ба гардиш даромада, сангаш мечархид ва донаҳои гандумро орд мекард.

Ҳамчунин бо қувваи об ҷувозҳо низ ба гардиш даромада, барои равғанкашӣ истифода мегардиданд.

Дар рӯи об бошад, бо қувваи он киштиҳову заврақҳо гаштугузор мекарданд.

Қувваи об, тавоноии об дар асри бистум барои ба гардиш даровардани чархаҳои нерӯгоҳҳо ҳам истифода гардид. Об, ки худ як унсури табиат буду муқаддас дониста мешуд, барои боз ҳам хуштар гаштани зиндагонӣ, барои беҳтар гардонидани ҳолати иҷтимоии одамон ва барои ба вуҷуд омадани гармиву нур истифода мегардид.

Соли 1882 дар дарёи Фокс, дар шаҳраки Эпплтони иёлати Висконсин нахустин нерӯгоҳи барқиро инсоният бунёд кард. Баъди ин бунёди нерӯгоҳҳо оғоз гардиданд. Барои истеҳсоли қувваи барқ аз ҷараёни оби дарёҳо истифода мебурданд.

Дар Тоҷикистон бошад, нахустин нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Варзоб соли 1936 бунёд гашта буд, ки дорои ду чарха бо иқтидори истеҳсолии 3720 кВт буданд.

Сайри маънои вожаҳо

Маълум аст, ки силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш бунёд гаштааст ва НБО Роғун яке аз бузургтарин сохтумонҳои аср ба шумор меравад, ки дар ин дарё бунёд гаштааст.

Вахш аслан, номи Эзаде дониста мешавад, ки дар эътиқоди гузаштагон ситоиш гаштааст.

Агар ба фарҳангҳои муътамади форсӣ-тоҷикӣ нигоҳ кунем, калимаи «вахш» маънои оғоз, ибтидо, кашфу илҳом шарҳ дода шудааст. Аз ин хотир, ба таври образнок баён кунем, рӯди Вахш воқеан оғози нур, ибтидои рӯшноӣ гаштааст.

Калимаи «роғ» бошад, маънои равшаниро дорад. Агар дарро камее барои даромадани равшанӣ кушоянд, «нимроғ» мегӯянд. Аз ҳамин сабаб маънои вожаҳои марбут ба Роғун низ далолат ба равшаниву нур дорад.

Дарёи Вахш бо силсиланерӯгоҳҳояш воқеан манбаи нуру гармӣ дар Тоҷикистон аст.

Санаи 16 ноябри соли 2018 аввалин агрегати НБО Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар Тоҷикистон маҳдудкунии нерӯи барқ ба поён расид. Хонаҳои ҳамаи сокинони мамлакат равшан гашт. Зиндагӣ рӯшантар шуд.

Роғун барои Тоҷикистон иншооти бузурги аср аст, ки аз замони мо ба наслҳои оянда ёдгор хоҳад монд.

Нуре ба нур зам мешавад

Касе алҳол мушкилоти замони бебарқиву маҳдудияти онро аз ёд набаровардааст. Ба хусус дар фасли сармо ин мушкилӣ ба сари мардум кулфатҳои зиёд меовард. Аммо ҳама паси сар гашт. Ба рӯзи равшан расидем.

Дар Авасто оварда шудааст, ки ҳангоме ки одамон гандум медараванд, девҳо ба ваҳм меоянд, вақте хамир мекунанд, ба ларза меафтанд. Ба кор даромадани чархаи Роғун душманони миллати моро ба ваҳму таҳлука овард. Ҳар чарх задани чархаи Роғун нуфузи кишвари моро боло мебардорад. Ин ҳама моро водор мекунад, ки аз он фахр кунем.

Санаи 9 сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чархаи дуюми Роғун ба кор дароварда шуд, ки ин ҳам барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, ки ҳадафи миллӣ аст, қадами устувор мебошад.

Гумон мекунам, ки бо ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО Роғун роҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – ба кишвари саноатӣ-аграрӣ расидани Тоҷикистони азизамон мусодат хоҳад кард. Зеро саноатро бидуни нерӯи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо то ба истифода дода шудани агрегати 6-уми Роғун софдилона заҳмат мекашад. Ба зиндагияш нур, нури роғунӣ зам хоҳад кард.

То ба истифода дода шудани НБО Роғун баъзеҳо гумон ҳам надоштанд, ки ин рӯзи нек фаро мерасад. Бо чашмони сар ин рӯзро дидем, ки фасли зимистон хонаҳои равшан дорем.

Равшаниҳои бештар аз инро НБО Роғун ба мо хоҳад дод.

Ислом Раҳимов, декани факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ