Маҳфили илмии “Сиёсат ва ҷомеа” таҳкимбахшандаи ҳуввияти миллӣ
Нишасти навбатии маҳфили илмии кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳти унвони “Сиёсат ва ҷомеа” бо ширкати намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор гашт.
Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, дотсент Абдунаим Бердишукуров ба кори маҳфил ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки маҳфили мазкур бо мақсади тарбияи кардҳои ҷавон, истифодаи самараноки нерӯҳои илмӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами муосир баҳри пешбурди тадқиқотҳои илмиву амалӣ ва таҳлилӣ дар равияҳои афзалиятноки рушди ҷамъиятию сиёсӣ, ки барои ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Сипас, омўзгор Ғайратҷон Юсупов дар мавзӯи “Пешвои миллат арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот”, дотсент Фаридун Ҳодибоев доир ба «Парчам ва давлатдории миллӣ» ва сармуаллима Зилола Комилова оид ба «Хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм ба амнияти кишварҳои ҷаҳон» маърӯза ироа доштанд.
Дар ҷараёни маҳфил хизматҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди муҳоқима қарор гирифта, доир ба масоили роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои он табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил