Муносибати босалоҳият ба таълим – асоси таълими босифат

Дар факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мизи мудаввар таҳти унвони “Муносибати босалоҳият ба таълим – асоси таълими босифат” доир гашт.

Дар мизи мудаввар роҷеъ ба масоили барномаи таълими салоҳиятнокӣ ва аҳамияти корбасти бисту панҷ усули интерактивӣ, муносибати босалоҳият ба таълим, салоҳият дар таълими инкишофи нутқи мураттаб, воситаи иртиботи таълим бо истеҳсолот ё худ меҳнат, роҳҳои фаъолгардонии шогирдон, зарурати ҷустуҷӯ ва эҷодкории омӯзгор дар марҳалаҳои фаъолият, принсип ва хусусияти арзёбии дониши хонандагон ва ғайра матраҳ гардида, дар ин замина табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бахшида ба ҳафтаи илм ташкил ва баргузор гашта, ҳадаф татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ