Забон бақои миллат аст
Сарвари мамлакат ва аҳли зиёи кишвар кўшиши зиёд мекунанд, то забони тоҷикӣ забони илм шавад, ки ин аҳамияти бузургиназариявию амалӣ дорад, зеро решаи илмии он ба таърихи ҳазорсолаҳо мерасад. Албатта ин ҷо саҳму мақоми суннатҳои хаттиамонро ёдовар бояд шавем, ки ба шарофати таърихи бою ғанӣ ва камназир доштанашонимрўзиён метавонанд, саҳифаҳои гузаштаи қадими худро варақ зананд. Ин моро вазифадор менамояд, кибеҳтарин анъанаҳои илмии ниёконро идома диҳем, пойдор гардонем варушд бахшем, чаро ки дар мамлакати тозистиқлоламон барои ин тамоми шароитҳо фароҳам омадааст.
Мо аз ҳар се давраи таърихии ташаккули забонамон садҳо асарҳои илмиро медонем, ки маҳз бо ҳамин лафз китобат шуда, бархе то ин замон расидаанд ва бисёр хушу гуворост, ки имрўз ҳам олими тоҷик андешаву тахаюл ва ихтирою кашфиёташро бо ин забон метавонад манзур дошта бошад.
Забони тоҷикӣ ҳатто дар асрҳои IX-XVIниз баробари забони арабӣ забониилм маҳсуб меёфт, ки осори гаронбаҳои уламои гуногун ба мисли Маҳмуди Форобӣ, Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Низомулмулк, Умари Хаём, Низомии Арўзии Самарқандӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Насриддини Тўсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фитрати Зардўзии Самарқандӣ ва диг. далели ин гуфтаҳоанд.
Маълум аст, ки забон ва услуби илмӣ як қатор талаботу вижагиҳо дорад, ки муҳимтаринашон инҳоанд: 1. Омодагӣ; 2. Интихоби усули тадқиқ; 3. Муқаррар намудани тарзи баён; 3. Амиқгуфторӣ; 4. Мушаххасбаёнӣ; 5. Возеҳбаёнӣ; 6. Эътимоднокӣ; 7. Индуксия; 8.Дедуксия; 9. Қиёс; 10.Таҳлил; 11.Натиҷагирӣ(Хулоса)ва ғ. Бидуни талаботи мазкур, ягон кори илмие манзур наметвонад шавад. Бавижа бандҳои 2 ва 5 маҳз ба забон вобаста буда, пажўҳишгар фикру андешаашро дуруст баён карда натавонад, баёнаш мавҳуму муғлақ ё ҳатто ғалат баромада, матлаб номатлуб мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳар як муҳаққиқбаробари ихтисосу истилоҳоти он бояд забон ва баёнро низ хуб донад.
Қобили қайд аст, ки дар ин ҷода олимону пажўҳишгарони тоҷик беш аз пеш бо забони тоҷикӣва назокату нафосати он ошно шуда истодаанд ва ин метавонад омили боландагӣ ва шукуфоии забони илм гардад.
Дар роиҷу паҳно гирифтани забони илм ҳамчунин ҳалли масъалаҳои коркарди истилоҳот, ҳамгунсозӣ, соҳабандӣ, тавзеҳ, тафсир ва танзими оназ талаботи асосӣ маҳсуб меёбад. Барои ин Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дурусти пешгирифтаашро пайгирона тай намуда, бо қувваи муттаҳидаи сохтору ниҳодҳои илмӣ, махсусан,Интситути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва кафедраҳои марбутаи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, коршиносони соҳаҳо тадбирҳои мушаххасу дурнамо андешида, равандро зери назорати доимӣ бояд гирад.
Дар 25 соли охир ба табъ расидани зиёда аз 200 луғату фарҳанги хурду бузурги тарҷумвию тафсирии умумию соҳавӣ ва мавзўӣдастоварди хуб аст, вале акнун ба сифату ҷанбаи илмию лексикографии фарҳангҳои дарҷшаванда диққати ҷиддӣ додан зарур аст, зеро истилоҳот бояд симои нирўмандии забонро нишон дода тавонад.
Зимни суханронӣ ба муносибати Рўзи забон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2010 вазифа гузошта буданд, ки бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати давлат дар бораи забон«Барномаи стратегияирушди забони давлатӣ» таҳия карда шавад ва он тибқи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бодарназардошти дурнамои рушди воқеии забони давлатӣва муқаррар сохтани меъёрҳояш танзим гардад. Ин Барнома воқеан ҳам дар давраи солҳои 2012-2016 қутбнамои рушди забон гардид.
Масъалаи мубрами дигаре, ки баробари истиқлолият мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтааст, ин ягонагию пайвандӣ, ҳамрешагию ҳамбунёдии се забони муштарак- тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ мебошад. Кайҳо маълум аст, ки ин се забони кунунӣ решаву асли ягона доранд ва макони бунёдашон Осиёи Марказист. Ин ҳам аниқ аст, ки забонро ҳодисаи ҷамъиятӣ меҳисобанд ва он баробари ҷомеа пеш меравад ё рў ба нестӣ меорад. Хушбахтона забони тоҷикӣ дар кадом давру замон чӣ номеро дода бошанд, пеш рафт, рушд ёфт ва то ба имрўз расид, ки ин рўйдоди камназир аст. Оид ба ягонагии ин забонҳо бошад, дар миёни бештар аз 6 ҳазор забони олам чунин забонҳо кам нестанд ва инраванди маъмулии рушди мардуми куҳанбунёд аст. Ин мисли он аст, ки оила барпо мешавад, соҳиби меросбароне мегардад, ки дар як оила, дар як шароиту муҳит ба воя мерасанд, бо амри тақдир ҳар кадоме хонадор шуда, оилаи нави худро ташкил дода, бо идомаи расму оин ва анъанаҳои хонаводагӣ зиндагӣ карда, дар навбати худ ҳар кадоме вижагиҳои оилаинави хешро низ пайдо менамояд. Дар ин оилаҳо баробари умумият фарқиятҳо низ падид омада, омили пешрафту гуногунию ғаномандии ҷомеа мегардад.
Забонҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ низ аз як сарчашма(оилаи ҳиндуаврупоӣ)об хўрда, гурўҳеро ташкил доданд(эронӣ ё худ ҳиндуэронӣ) ва баъдтар алоҳидаву мустақил шуда, дар ҳамробитагии зич бо он дубародарзабон ва забонҳои дигари хешу ғайрихеш рушд меёбанд ва ин бадие надорад,баръакс ҳамеша ҳамдигарро пурра сохта, такмил мебахшанд ва симои махсуси худро низ маҳфуз медоранд. Вазифаи соҳибзабонон дар устодона, мавридшиносона,самаранок, бо меъёри муайян истифода бурдани сарвати бебаҳои ҳарсе забон аст, чаро ки ин воқеияти таърихист. Дар олам наметавон забонеро дарёфт, ки танҳо бо имконияту ғановати дохилии хеш ба соҳибзабононаш хизмат мекарда бошад. Забони мо аз оғози пайдоишаш то имрўз, ҳатто дар айёми мураккабтарини таърихашвазифаашро сазовор адонамуда, мояи ифтихор будаасту ҳаст.