Озмуни кимёгарони ҷавон доир гашт
Дар кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” озмуни “Заковатсанҷ” баргузор гашт.
Озмуни “Заковатсанҷ” дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи илм ташкил ва гузаронида шуда, дар он 15 донишҷӯи ихтисоси химия аз рӯйи 4 масъала ва 2 табаддулоти химиявӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷа ғолибон муайян ва бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил