​Мизи мудаввар: Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд

Дар толори хурди раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот” бо иштироки намояндагони ВАО-и вилоят ва донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баргузор гардид.

Ноибректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров дар чорабинӣ иштирок ва сухан ронда, аҳли қаламро аз номи роҳбарияти донишгоҳ бо Рўзи матбуоти тоҷик шодбош намуд.

Дар конфренсия филми ҳуҷҷатӣ доир ба таърихи матбуоти тоҷик ва заминаҳи рушду инкишофи он намоиш дода, мавзӯъҳои мубрами журналистикаи тоҷик мавриди баҳс ва муҳокима қарор гирифта, дар доири масоили вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаҳои таълими фанҳои журналистӣ дар макотиби олӣ, ғалатҳои забонӣ дар ВАО мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ