Изҳороти муаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Шарипова М.М.
Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он ба ҷомеъа хатари марг оварад. Имрӯзҳо воқеан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои ҷомеа хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Имрӯз гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки дар зери ниқоби дини ислом хар гуна амалҳои террористӣ ва хунхоронаи худро ба амалӣ карда, хуни ноҳақ мерезанд ваҳшониятҳои гӯшношунид мекунанд оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Мутаассифона бархе аз ашхоси мансабхоҳи тоҷик имрӯз ба гурӯҳи мардуми тандгаро шомил шуда, бо андешаҳои нопоки худ мехоҳанд ба зиндагии ороми халқи тоҷик халал ворид намоянд. Онҳо худро дӯстдору ғамхори миллати тоҷик вонамуд карда, аз минбарҳои баланд мехоҳанд сухан кунанд, вале чун суханои эшонро мешунавем ва ё мехонем аз худхоҳии онҳо малулу нороҳат мешавем, зеро он гуфторҳо на ба манфиати халқи тоҷик, балки зидди ӯ нигаронида шудаанд. Мисоли оддии он мусоҳибаи Кабирӣ, баъд аз анҷоми сӯҳбат ва ё посухҳои сиёсатмадориони тоҷик дар Женева аст. Кабирии тундрав чунон сухан мегӯяд, ки гӯё ӯ ҳамадон аст, вале ин гуфтораш ӯро бештар шармсор намудаву хашми ҳаммилатонро афзуда. Аз посухҳои Кабирӣ дарк менамоем, ки сабаби роҳгумзаниву бадандешии ӯ маҳз мардумбадбиниву бегонапарстии ӯст.
Мо мардуми тоҷик бояд бо терроризму экстремизм мубориза барем ва бояд мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ дорем.