Муаррифии лоиҳаи ERASMUS+DECIDE
Дар факултети педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” муаррифии лоиҳаи нави барномаи ERASMUS+DECIDE таҳти унвони «Беҳтар намудани хизматрасониҳо, барои шахсони имконияташон маҳдуд» баргузор гардид.
Дар муаррифӣ ҳамоҳангсози лоиҳа, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷамшед Истамқулов баромад намуда, доир ба лоиҳа ва татбиқи он маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла қайд кард, ки лоиҳарасман моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфта, то моҳи октябри соли 2021 идома меёбад. Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа Донишгоҳи Трансилванияи Брашови Руминия буда, боз чор донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир аз қабили Донишгоҳи Критаи Юнон, ДонишкадаиТехнологии Лимерки Ирландия, Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон ва Донишгоҳи Мидлсикси Англиясарпарастии онро ба уҳда доранд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кулоб, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди Инклузия” дар он ширкат менамоянд. Дар ин қатор муассисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар татбиқи лоиҳа ширкат меварзанд.
Инчунин, Ҷамшед Истамқулов қайд намуд, ки дар давоми 3 сол лоиҳа дар донишгоҳ мавриди татбиқ қарор гирифта, ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва коркарди барномаҳои махсусгардонидашуда, инчунин таъсиси маркази вижа бо техникаҳои муосир дар факултетҳо мебошад.
Гузашта аз ин, дар муаррифӣ гурӯҳи кории лоиҳа дар донишгоҳ таъсис дода шуда, вазифаҳои ояндаро муайян намуданд.
Зарина Файзиева, мутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ