Наслҳои оянда- сарнавиштсози миллат
Рӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1сентябр- Рӯзи Донишро бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои давлатии таълимӣ сарҷамъона тамошо карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои нави замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди устодон, олимон, донишҷӯён ва зиёиёни кишвар доир ба тамоми паҳлӯҳои илм, маориф, муассисаҳои таълимии томактабӣ, муасссиаҳои таълимӣ ва муассисаҳои давлатии таълимӣ фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Аз ҷумла, доир ба 28 соли соҳибистиқлолии кишвар, дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулпазир барои дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардан ва заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф кардан, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодан изҳори миннатдорӣ карданд.
Ҳамчунин ба наслҳои ояндасози миллат таъкид намуданд, ки аз оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқатро бароироҳи дуруст идома дода, корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷикро равшан намоянд.
Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, киҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред. Бинобар ин арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси наслҳои замони истиқлолият мебошад.
Аз ин лиҳоз устодону донишҷӯён ва шунавандагону коромӯзони муассисаҳо аз чунин шароити замонавӣ самаранок истифода карда, раванди таълимро бо сифати баланд ба роҳ монем, таҷриба омӯзем, такмили ихтисос намуда ва дар таҳкиму рушди давлатдории миллӣ саҳми сазовор гузорем.