​Шукронаи ободии Ватан дорем

Баъди пошхӯрии даврони Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии худро соҳиб гардидани Тоҷикистон як қатор ҳизбҳои сиёсӣ ба майдон омаданду барои ободии кишвар ва рӯ ба тараққӣ ниҳодану ҳамқадами замона гардидани халқи аз ҷангҳои бемаънӣ хастагаштаи тоҷик ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Вале, дар ин саф ягона ҳизбе (имрӯз дар Тоҷикистон мамнӯъ), ки худро “озод” (чаро озод, намефаҳмам, зеро дар Тоҷикистон шакли давлатдорӣ халқӣ-демократӣ асту халқ озодона зиндагӣ доранд), “тозакор” (аз тозакории онҳо чизеро бар манфиати халқ номидан ба гумон аст), “ободкор”, “ватандор” меҳисобанд, ҳизби наҳзати исломро номбурдан шояд, ки иштибоҳе бошад, зеро аз аввали таъсисёбӣ кӯшиш намуданд, сафи ҳаммаслаконашонро зиёд намоянду аз ягонагиву ҳамдилӣ сухан кунанд, вале оқибати кор чист ба хонандаи гиромӣ маълум аст, ки чун оинаи чаҳоннамо варақи таърих ҳамарӯза хотиррасон намуда меистад. Ба мисол мегирем, ба хотири Аллоҳ гуфтану худро ба доми оташ андохтан, ба номи Оллоҳ гуфтану худро шаҳид гумоштан, бо номи Қуръон гуфтану ба ҳар гуна фисқу фасод рӯй овардан, магар ин аз нигоҳи Ислом аст? Магар оилаи худро ба хотири пулу мол ба давлати бегонаи дар доми оташ буда бурдану ба сарсониҳову нодориҳо гирифтор намуда, ҳамчун шаҳиду ҷанговар омода сохтан магар аз рӯи мардист? Аз рӯйкарди корҳои исломист?

То ҷое огоҳ ҳастем, (аз таълимоти назди бибиамон гирифта) Ислом ва шариати он – ягонагии Аллоҳро шинохтан, панҷ рукни исломро ба ҷой овардан, аз дурӯғу кинаву адовату мардумфиребӣ эмин будан ва аз ҳама муҳимаш созишро миёни халқ ҳиссагузор будан аст. Вале агар ба ҳизби назҳат ва фаъолияти он назар афканем замони соҳибистиқлолиро бо душвориву ҷангу бӯҳтон оғоз намудани Тоҷикистон низ аз нақшаҳои кашидаи аъзоёни ин ҳизби “озодихоҳ” буд. Фикр мекунанд, ки давлатро ба даст мегиранду ба он табаддулоту тағйироти куллӣ медароранд, фикр мекунанд, ки бо ин роҳ мардумро озод мекунанду кишварро обод. Вале намефаҳмам, ки мардумро аз чи озод мекунанд?

Халқи тоҷик кайҳост, ки ба хотири ободии кишвар озодона бо сарвариву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами худ дастболо аст! Кайҳост дар қатори дигар давлатҳо тараққӣ карда истодааст, устуворона қадам мениҳад.

Вале, агар ба аъзоёни ҳизби наҳзат нигарем, ҳама роҳи гурезро қарор дода, ба давлатҳои хориҷ, баҳри идомаи сиёҳкориву бӯҳтонсозӣ ҳамарӯза фаъолияти “пурсамар” намуда истодаанд. Ба васоити ахбори омма ва ё “сарчашмаҳои худӣ” ахборотеро аз Тоҷикистон дармеёбанду чун туфоне гузоришу мақолот иншо намуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд ва бо ин фикр мекунанд, ки чашми мардумро баҳақиқат мекушоянд, фикр мекунанд мардумро аз беадолативу бадкорӣ огоҳ менамоянд. Агар чунин мебуд, магар ин ҳама ободиву озодӣ рӯи кор меомад? Магар Тоҷикистон рӯз аз рӯз гул-гул мешукуфт? Ҳаргиз! Кишвар ба монанди Афғонистону Сурия дар доми оташ мемонд.... Мо ин фаъолияти “ободкорона”-и наҳзатиёнро намеписандем!

Доимо шукронаи ободии ватан дорем! Пайрави кори Пешвои муаззами худ ҳастем!

Эгамбердиева М.Х. – муовини декан оид ба илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ