Конференсияи умумидонишгоҳӣ: Нақши таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар ташаккули сифатҳои касбии омӯзгори оянда
Имрӯз, 16-уми апрел, дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар ташаккули сифатҳои касбии омӯзгори оянда” бо ҳузури намояндагони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва устодону донишҷӯён доир гашт.
Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки баргузории конференсияи умумидонишгоҳии “Нақши таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар ташаккули сифатҳои касбии омӯзгори оянда” дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ва маорифи кишвар яке азтасмимҳои муҳим маҳсуб ёфта, тавассути он донишҳои назариявӣ дар амал санҷида, роҳу усулҳои ба хонандагон пешниҳоднамудани маводи таълимӣ роҳандозӣ гашта, ин тадбир дар сифатмандии маҳорату малакаи касбии омӯзгори оянда нақши муассир мегузорад.
Ректори донишгоҳ аз он истиқбол намуд, ки ҳамкории судманд ва муштараки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар раванди тақрибаомӯзии омӯзгорӣ ва таҷрибаомӯзии байниминтақавии таълимӣ, аз қабили хатсайри Хуҷанд-Душанбе-Роғун-Сангвор-Қалъаи-Хумб-Хоруғ-Ишкошим-Душанбе-Хуҷанд бо донишгоҳ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.
Сипас, директори институти илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов дар мавзӯи “Таҷрибаи омӯзгори – омили муҳими салоҳиятнокии касбии омӯзгори оянда”, сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маърифат Ашӯрова дар масъалаи “Аҳамияти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар тайёр намудани мутахассисони муассисаҳои таълимӣ” ва таҷрибаомӯзи донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷики донишгоҳ Зебо Муллобоева оид ба “Татбиқи низоми салоҳиятнокӣ дар муассисаҳои таълимӣ” маъруза намуданд.
Профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар хотима бо боварии том изҳор дошт, ки минбаъд низҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ рушду тақвият ёфта, дар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ заминаи муфид фароҳам мегардад.
Сипас, як қатор устодону донишҷӯён баҳри босамар ҷамъбаст намудани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадр гаштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил