Ҳафтаи илм дар факултети педагогӣ
Дар факултети педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати татбиқи силсилаи чорабиниҳои илмии муҳассилину устодон бахшида ба ҳафтаи илм дар ҳамоҳангӣ маҳфилҳои “Суханвар” ва “Забоншинос” баргузор гардид.
Маҳфилро мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, дотсент Дилбар Раҳмонова ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҷараёни он шинос намуд.
Сипас, донишҷӯён доир ба қонуну қавоид ва ҳусну малоҳати забони тоҷикӣ, методи салоҳиянокӣ ва истифодабарии усули “Хӯша” дар дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.
Иштирокдорон китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид доштанд, ки китоби мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон ба шумор рафта, дар заминаи осор ва матнҳои илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, замина ва омилҳои эҳёи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан дар замони шукуфоии давлатдории тоҷикон -Сомониён ба авҷи олӣ расида буд, эҷод шудааст.
Баъдан доир ба меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил