​Изҳороти ҷомеаи устодони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

Халқи бофарҳанги тоҷик, ки чандинбораҳо аз имтиҳонҳои сахти таърих сарбаландона гузаштааст, ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ фаромўш хеҷ гоҳ фаромўш намекунаду вале имрўз аз бозиҳои сиёсии баъзе «ватандорони озодандеш» ба ростӣ монда шуда истодаанд. Модароне, ки бо ҳазор орзуву умед фарзанд ба воя мерасонанду ба хотири ояндаи неки онҳо заҳмат мекашанд имрўз бо гуноҳибаъзе нохалафонфарзандони нозпарвариэшон зиндонӣ мешаванд, ба давлатҳои хориҷа гуреза мешаванд, ба умеди дарёфтнамудани пули«бедарди миён» ғуломи нафси худ мегарданду сарсонусаргардон мешаванд.

Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизбиифротгаро, экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташ қатъ қарда шудааст, (албатта ин ҳалномааз ҷониби ташкилотхои байналхалқӣ ,аз қабили СҲШ, САҲД, Маркази зиддитеррористии ИДМ дастгирӣ ёфтааст ) суоле ба миён меояд:бокадом ҳуқуқу ҷуръат онҳо вазъияти Тоҷикистон робаррасӣ намуда, онронизоми диктаторӣ меноманд (ин қадарсаволҳоипеч дар печу«чаро?» -ҳои зиёдро ба хотири чию кӣ пешниҳод менамоянд. Оё ин ашхос ба саволҳои худ то ҳол ҷавоб наёфтаанд? Ё донистан намехоҳанд?

Находинсоне, ки азобугилу гиёҳи Ватан ошомидааст имрўз пешравиву дастоварду тараққиёти онро диданатавонад? Онҳоро низ модари тоҷикшири сафед додаасту бо умеди асои дами пирӣ шуданашон тарбия намудааст-ку? Онҳо имрўзба хотири кӣдастба чунин даъвоҳои беасос мезананд?..

Шояд ин саволҳо беохир бошанд, зеро ақли фарди солим барои хулоса баровардан аз рафтори «озодандешагон»- и кўрнамак намерасад. Дар хориҷанишаста, ба хоҷагони бегона лаббай гуфта, ба сухангуиву суханпардозиҳои бегонатақлиднамуда, худро«шахсиятҳоимаъруфу шинохта»гумоштанионҳова аз ин ба маротиб зиёд намудани сармояи худҳар як инсони соҳибақлро асабӣ мекунад.

Ҳар як шаҳрванди ватандўсту худогох, ки имрўзҳо ба чашми сари хеш вазъи иқтисодивуиҷтимоӣ, сиёсивуфарҳангии Тоҷикистонромебинад, дигар фирефтаиин «озодандешагон»-и сарсону саргардон намегардад.

Дар охир ба «ватандорон» - и қалбакӣ муроҷиатнамуда, гуфтаниам ки ба Ватан баргарданд, ҳамаи нерўи зехниву сарватҳои худро барои ободии як гўшаяки Точикистон сарфнамоянд, зероҳам соҳибисавоб мешуданду ҳам дар назди виҷдон пок.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус ҷавонон, ки табиатан сулҳхоҳу сулҳдўсту сулҳофаранд,азрух додани чунин ҳодисаҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда, барои доғ наоварданба миллату модар кўшиш менамоянд, чункибарои инҳамаишароиту имконият:Ватани ободу озод, табиати биҳиштосо, сарвари оқилу доно, адабиёти бою фарҳангу тамаддуни инсонгароёна ва аз ҳама муҳим мардуми баору номус доранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ