​Изҳороти омўзгорони кафедраи Н ва МТЗМ Тоҳирова М.ва Ахмедҷонова М.

Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад.Ҳадафи асосии созмонҳои террористӣ на хизмат ба халқу Ватан, балки бо воситаи фиребу ҷаҳолат, амалҳои нопокона ба даст овардани қудрату мавқеъ мебошанд. Ин ташкилотҳо бо пайдо кардани хурдтарин имконият ҳуқуқи мардуми мусулмонро поймол намуда, ормонҳои дили худро шикастан мехоҳанд. Аз ҷониби баъзе душманони миллати тоҷик, ки пешравӣ ва осудаҳолии мардуми Тоҷикистонро намехоҳанд, бо суханҳои ноҷоя ва гумроҳсозанда мардумро фирефтаи амалҳои нопоки худ карда истодаанд. Мехоҳанд онҳоро раҳгум зада, афкору ақидаашонро таѓйир диҳанд.

Аммо мардуми ин сарзамини таърихӣ, ки худогоҳу хештаншинос ҳастанд, ҳаргиз ба ин кирдори ношоиста ҳамроҳ намешаванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб медонанд, ки ин ташкилот барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ созмон дода шудааст. Мақсади асосии ин гурўҳ ва ташкилкунандагони он, дар мисолиКабирӣ,оромӣ ва ободии Тоҷикистонро халалдор кардан аст ва бо ин васила мехоҳанд фазои амни Ватани моро вайрон намоянд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамақидаҳои хиёнаткори ў пас аз амалҳои ваҳшиёнава разилонаи хеш боз даъвои ватандўстӣ мекунанд, ҳол он ки ин гуна ашхос ба номиинсон лоиқ нестанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки амали зишти чунин ҷиноятпешаҳо ва қудрати онҳо дигар дер намепояд. Дигар ба лофзаниҳои бадхоҳонаи Кабириву ҳамақидаҳои ў касе бовар нахоҳад кард.

Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба роҳи пешгирифтаи ў нахоҳанд рафт, роҳи онҳо сулҳу субот амну осоиштагиву ободии Ватану саодати халқ аст. Мо ба неруи бузурги халқи азиз боварии комил дорем.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъияти имрўзаи бархе аз кишварҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо нигаронӣ чунин қайд намуда буданд: «Бо назардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзўр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифродгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем». Имрўзҳо ин вабо ҷомеаи ҷаҳониро нороҳат намуда истодааст, ки башарият аз он дар канор буда наметавонад ва ҳама якҷоя аз паи нобуд намудани решаи он ҳастанд. Аз ин хотир мо бояд дар ниҳоди мардум ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккул диҳем, зеро ташкилоту гурўҳҳои террористӣ дар амалисозии ниятҳои ѓаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд.

Сабаби асосии ба ин ташкилотҳо пайвастани ҷавонон дар он аст, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст дода ба зудӣ фирефтаи суханҳои бардурўѓи ин гурўҳҳо мешаванд, зеро ба онҳо маблаѓҳои калонро ваъда медиҳанд ва инчунин онҳо моҳият ва мазмуни дини мубини исломро дуруст дарк намекунанд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонбо мақсади пешгирии таъсири қувваҳои иртиҷоъпарасту ифротгаро дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонони тоҷик меросбардори миллати дар гузашта ва имрӯз сарбаланду таърихан бофарҳанг ва адолатпарвару рострав, ростқавл, ҳамешагӣ сулҳпарвару ваҳдатсаро ва соҳиби ақли солиму фаросати комил буда, ҷиҳати таъсирпазирии қувваҳои манфӣ – терроризм ва экстремизм ҳушёрии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷавонон имконият ҷиҳати кору фаъолият муҳайё буда, аз ҷумла, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаи иқтисодиёту кишоварзӣ, тиб, маорифу фарҳанг ва навгароӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ба қувваю нерӯи ҷавонон марбут аст.

Дар ин маънӣ низ суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо ҷолиб буда, ҷавононро ба сӯи комёбӣ ва музаффарияти нав ба нав ҳидоят менамояд:

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушдиТоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Ба ҷавонони тоҷик зарур аст, ки ба қадри ин боварӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа ва номбардори шоистаи миллат ба обу хоки поки Ватан, осмони софу беғубори он шукрона намуда, ҳамеша дар ҳимояи марзу буми замини аҷдодии хеш бошанд, ба ҳаракату ҳизбу ҷараёнҳои ифротгаро - терроризм, экстремизм ҳеҷ гоҳ ҳамроҳ набошанд, бахту саодати худ, оила ва шарафу номуси Ватани хеш-Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ