​Ҷоиза василаи сафедкунӣ нест

Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи хеш дар пешрафти кулли соҳаҳои кишвар саҳми вофир доранд. Маҳз туфайли худоогоҳиву қадршиносии Пешвои миллат имрӯз ба фарзандони фарзонаи миллат, мисли Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур унвони баланди Қаҳрамонони Тоҷикистон дода шуд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон хизматҳои бузурги анҷомдодаи фарзанди фарзона мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди халқу Ватан эътироф карда, ба он кас низ ин унвони баландро лоиқу сазовор донист. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо ҷоизаҳои номӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки воқеан ҳам шоистагӣ доранду аз ҷониби халқу Ҳукумати Тоҷикистон эътироф гардидаанд.

Пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” ҳар як сокини кишварро ба ҳайрат наоварда наметавонад. Оё месазад, ки чунин ҷоизаҳо амри воқеӣ пайдо кунад? Барои кадом хизматҳову фалзилатҳояш ин нафар лоиқи таъсиси чунин ҷоиза бошад?

Ба андешаи мо нахуст бояд худи халқ эътироф намояд, ки ин ё он шахс шоистагии таъсиси ҷоиза ба номи вай бошад. Рӯдакиву Сино, Хоҷа Камолу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Абулқосим Лоҳутӣ рисолати бузургеро дар назди халқу Ватан ба иҷро расонидаанд. Имрӯз беҳуда ба номи онҳо мукофотҳои давлатӣ сабт наёфтааст.....

Чаро худхоҳони миллат, ки имрӯз дар кишварҳои бурунмарзӣ қарор доранду ҳар лаҳза омода ҳастанд, ки ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон шикаст оваранд, ба номи ҷонибдорони собиқу кунуниашон ҷоиза таъсис доданӣ мешаванд? Маблағи чунин ҷоизаҳо аз куҷо таъмин мегардад? Оё ҷоиза василаи худсафедкунӣ аст? Боз саволҳои зиёде ба миён меоянд, ки кас дар ҷавобаш оҷизӣ мекашад.

Хуб мешуд аъзои ПМТ сари охири кори хеш андеша мекардаднд, поёни амали хешро медиданд ва ҷоизаи авфи халқу Ватанро ноил мегаштанд.

Омӯзгорони филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ