Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна муаммоҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва, бахусус, кормандони соҳаи маориф, боварӣ ва эҳтироми хоса дорад ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.
Омилҳое, ки ҷавонон, бахусус, ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ гирифтор месозанд, зиёд ва бешуморанд, ки дар ин хусус рӯзнома ва маҷалаҳои даврӣ пайваста менависанд ва дастурҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Имрўзҳо аз саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Ютуб аз ҳодисаҳое, кипешравии ҷомеаи Тоҷикистонро халалдор месозад, огаҳ гашта истодаем. Нашрияҳои даврї ва ВАО ҳар якузви фаъоли ҷомеароаз навоварї огаҳ менамоянд бо хабарҳои дохиливу хориҷї, то ки таҳлилҳои сиёсиро дуруст ба роҳ монем. Дар иттилоот омадааст, ки Мирзои Салимпур ташкилотҳои гуногуни эктримистӣ ва террористиро, ки дар тамоми ҷаҳон манъ карда шудааст, дастгирӣ менамояд. Мирзои Салимпурбо андешаҳои ғаразноки худ, ки ягон далели воқеӣ надорад, мехоҳад ба суботи Тоҷикистон, ки зери роҳбарииАсосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло дар раванди рушду инкишоф ҷараён дорадтаъсири манфӣ расонад.
Барои он, ки фарзандони дониши мукамал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаи мо ба доми ҳиллаву найранги ин гуна шахсон, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ гирифтор нагарданд мо бояд ҳар лаҳза чашму гӯш ва ақлу ҳуши фарзандони худ бошем. Зеро «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мебояд» гуфтаанд. Чунин ҷавононеро тарбия намоем, ки тақдири худ ва тақдири ояндаи ҷомеаро ба даст гирифта, фаъолияташонро дар соҳаҳои муайяни ҷамъиятї пеш баранд. Ҷавононро чунон тарбия бояд кард, ки онҳо дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, аз тафаккури дастнигар дурӣ ҷуста, ба тафаккури созанда рӯй оваранд.