​Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 11 январ дар сарҳади Исфара ва Бодканд муноқишаи сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ ба тирпарронӣ оғоз намуданд. Ин муноқиша мунҷар ба захмӣ шудани ду сарҳадбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз шуд ва ба ҷиддитарин таниш дар равобити Душанбе ва Бишкек оғоз карданд. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ сарҳадро бо Тоҷикистон баст. Инчунин Қирғизистон сафирашро барои машварат ба Душанбе 4 маротиба маротиба барои мулоқот фиристод.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр сарҳади муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро бо пуррагӣ аломатгузорӣ кардаанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон дар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Дар раванди мулоқот байни ин ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир дар раванди аломатгузории сарҳади мазкур ягон километр дигар пеш нарафтааст.

Дар раванди баҳсҳои сарҳадӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки акнун пас аз азназар гузаронидани сафири созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Душанбе ва Бишкек - то андозае фурӯкаш кардааст, ки он таваҷҷӯҳи коршиносони байналмиллалиро низ ба худ ҷалб намудааст. Бо вуҷуди он, ки таҳлилгарон марҳилаи кунунии муносибати Тоҷикистон ва Қирғизистонро бӯҳронӣ меҳисобданд, аммо таъкид менамоянд, ки ин бӯҳрон ҳалшаванда мебошад.

Хатти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр тӯл кашидааст ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ карда шудааст.

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи сарҳад, яъне дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст бо якдигвар талош карданд. Панҷ сол пеш даҳҳо дар сарҳад байни сокинони ин ду кишвар талошҳои зиёде ба миён омада, боиси кушта шудани чаҳор нафар гардид.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам қайд менамоянд, ки то замоне мушкилотҳои аломатгузории сарҳад ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920 асри гузашта ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950 ба пуррагӣ такя мекунад.

Агар дар ёд дошта бошем, шаш моҳ пеш муовини сарвазири Қирғизистон дар умури амниятӣ масъалаи назорат бар сарҳадҳоро гуфта гузашта буд.

Чунин талошҳо ба дар изҳороти гоҳо тунди мақомоти Қирғизистон мушоҳида мешуд. Онҳо сохтмони роҳ дар ҷазира қаламрави Сухро ба масъалаи сиёсӣ табдил дода буданд ва бо ин кор мехостанд аз мардум барои ҳадафҳои сиёсии ояндаи худ имтиёз бигиранд ва ҳамин гуна қатъи сохтмони ин роҳ гӯё бохти онҳо дар муқобили “душман” буд.

Дар асл мушкилотҳое,ки мо мушоҳида мекунем, ин чунин аст, ки дар давоми ду даҳсола ҳар ду кишвар натавонистаанд хатҳои сарҳадии худро муайян кунанд. Агар ҳарду ҷониб дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ иродаи сиёсӣ нишон надиҳанд, дар оянда низ ин навъ баҳсҳоро мушоҳида хоҳем кард. Аммо саволе ба миён меояд, ки оё ин ду кишвар метавонанд худсарона ин талошҳоро аз байн баранд ва баҳсҳоро байни ду кишвар камтар намоянд. Чунин нишонаҳо ба назар намерасид ва сиёсатмадорон аз ҳар ду тараф талош мекарданд худро дар чашми мардум барандаи ин баҳсҳо нишон диҳанд ва ба ин тартиб мардумро аз мушкилоти зисташон мунсариф созанд.

Абдураҳмонова Н.Р.,

кафедраи методикаи таълими

забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ