Изҳорот: Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имрӯз тамоми дунёро бесарусомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир шудааст. Бахусус, ҷангҳои ҳаммарзие, ки дар мамлакати моба вуқӯъ пайвастаанд. Мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков боварию ҳамдигарфаҳмиро дар дили мардум хоҳанд афзуд. Муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои “анклавӣ” ва дар сатҳи сокинони ин гуна ҷойҳо хуруҷ мегиранд, барои ҳамин бояд корҳои аз байн бурдани муноқишаҳо бояд дар ҳамон ҷойҳо гузаронида шаванд. Барқароркунии муносибатҳо дар сатҳи расмӣ миёни роҳбарони кишварҳо – қадами муҳим барои ба имзо расонидани созишномаҳо дар бораи муайян ва аломатгузории марзӣ мебошад. Дар давоми сол якчанд маротиба дар ин минтақаҳо муноқиша ба амал омад, ки то ба мудохилаи қисмҳои сарҳадӣ оварда расонид. Барои мисол муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистону Узбекистонро зикр карданием. Ҳолатҳои задухӯрд миёни ҷонибҳо кам набуданд, ҳатто замоне дар марз техникаи зиреҳпӯш ба назар мерасид. Аммо дар даврони раисҷумҳури нав мушкилии марзӣ миёни ҳар ду кишвар ҳалли худро ёфт. Умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон, низ ба наздикӣ ин мушкилии худро ҳал хоҳанд кард.
Яке аз пояҳои асосии осудагии инсонӣ амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо ҳамагон бояд баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубба монанди вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти будаи худ дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро қавӣ гардонем. Бояд гуфт, ки воситаи беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат талқини маърифати солими диниву дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад. Ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳанд, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯтиро оқилона пайгирӣ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде дар замони навтарин ба ин дастовардҳои беназир ноил гашта бошад ҳам, устуворӣ, рушд ва тарғиби онро пойдор нигоҳ дошта, ба соири кишварҳои олам чун давлати сулҳофарин, дунявӣ ва рӯ ба инкишоф шинос аст. Барпошавии ҷанги шаҳрвандӣ, заиф гаштани низоми қудратӣ ва давлатдорӣ, маҳалгароӣ, гуруснагӣ, бесарусомонӣ ва ноумедӣ ба ояндаи нек, аз падидаҳои ғамангезе буданд, ки мардуми Тоҷикистони баъд аз соҳибистиқлоли рӯ ба рӯ шуд. Вале як нукта мусаллам аст, ки халқи баору номуси тоҷик миллати созанда, сабур ва қавиирода аст. Ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърих ба ибораи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» менависанд: «Халқи қадимаи тоҷик, ки дар тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист.
Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем» мавқеашро дар сатҳи байналмилалӣ устувор гардонид. Аз ин лиҳоз, устодонро зарур аст, ки ҳар гуна маҳфилҳо ва суҳбатҳо оид ба мавзӯъҳои дар боло зикргардида, гузаронида бошанд ва дар замири ҷавонон меҳри Ватан, муҳаббат ба ин хоку оби аҷдодӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро парваранд.
Аз номи устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ