​Вохурии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо омузгорон ва донишҷўён

Таърихи 1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои боҳашамати ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии таълимии навбунёд роҳбарият, устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат дар даромадгоҳи бино парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бинои нави маъмурию таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд ва онро дар доираи иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” туҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишомӯзон арзёбӣ карданд.

Бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои Донишкада бо тарҳи наву замонавӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз қисми маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, толорҳои варзишу маҷлисгоҳ, китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ иборат аст.

Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркуни ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, утоқҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи муҳофизон ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи дуюми бино китобхона барои 50 ҷойи нишаст ва дорои имконияти нигоҳдории зиёда аз 20 ҳазор китоби илмӣ, таълимию методӣ, бадеӣ ва дигар маводи нашрӣ, синфхонаҳои компютерӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, инчунин китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор китобҳои электронӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурии раванди таълим, толори варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ “Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд” фаъолият менамояд. Донишкада таҷҳизот ва маводи таълимиро барои муассисаҳои марбут ба кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дастрас менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани дараҷаи мутаносиби таҳсилоти олии касбӣ, инчунин таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳо ва системаи автоматикунонии таълим як қатор корҳо амалӣ гаштаанд.

Раванди фаъолияти системаи автоматикунонии таълим дар Донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ягона буда, ба тамоми талаботҳои низоми таҳсили муосир ҷавобгӯ мебошад.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар айни замон 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо бинои боҳашамати замонавии Донишкада ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии ин иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба роҳбарияти Донишкада, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мудири кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он, дотсент Ахмедова З.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ