​Сулҳ асоси зиндагӣ ва ободии диёр дар ҳар давру замон

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,

То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Оре, сулҳу амонӣ асосиҳамаи хушбахтиҳои олам буда,ба туфайли он одамон орому осуда баҳри ободии диёру хонадони худ саъю кӯшиш мекунанд.

“Ман ба шумо сулҳ меоварам”,”То як тоҷик дар ғурбат аст,дили ман ором нахоҳад шуд”,”Дар ин роҳ ё мемирам ё ба пирӯзӣ мерасам”. Ин суханони Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари толори Иҷлосияи таърихӣ дар Қасри Арбоб ҳангоми савгандёдкунӣ мақбули умедбахши ҳамагон ва вирди забонҳо гаштаанд.

Дар кишвари ободу озоди мо - Тоҷикистони азиз сулҳу Ваҳдату созандагӣ пойдору устувор аст. Хандаи кӯдакон, хотирҷамъии модарон, ободии диёр,орзуҳои одамон аз сулҳу амонӣ бармеояд. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири сулҳу ваҳдатсаро дар адабиёт мақоми ба худ хос дошта, беҳуда нагуфтааст:

Одамон аз дустӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Хизматҳои Президенти сулҳпарвари мо наздимиллатамонхеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша онро қадрдонӣ намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем. Маҳз сулҳу Ваҳдат буд,ки ноҳияю шањрњои љумњуриамон рӯз аз рӯз ободтару зеботар гардида истодааст.

Сулҳ офтоби дурахшонеро мемонад ,ки аз нурҳои он олам мунаввар мешавад.Бигзор ,офтоби Сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо нурафшон бошад.Бигузор,гуфтаҳои зерини Пешвои муаззами миллатамон шиори зиндагии мо бошад:” Дуст бошед, иттифоқ бошед ,шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед,шукронаи ана ҳамин давлат кунед ,шукрона кунед ,ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”

Шукри миллат, шукри Ваҳдат, шукри истиқлоли тоҷик.

Шукри бахту ҳам саодат, шукри ин иқболи тоҷик.

Манижа Раҳматова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ