Муҳиддин Кабирӣ озодандеш ва ҳақиқатгӯй нест
Аз баромади Муҳиддин Кабирӣ маълум мегардад, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодандешӣ ва ҳақиқатгӯи нест. Аммо Кабирӣ ва ҳаммаслаконӣ ў дар муддати кӯтоҳ дар Ҷумҳурӣ чӣ қадар пешравӣ ва ободӣ шудааст онҳо дида наметавонанд ва дидан намехоҳанд. Ин кори ифродгароён моро водор намуд, ки ин мактубро таҳия намоем. Собик роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо баромади худ бори дигар собит намуд, ки як шахси палид, дурўя ва шахси ватанфурӯш мебошад. Кабирӣ барои манфиати худ ва манфиати шарикони дар кишварҳои ҳориҷиаш буда, ки пешравии моро намехоҳанд, кишвари азизамон Тоҷикистонро фасод кардан мехоҳанд, аммо ба ин мақсадҳои нопоки худ ҳеҷгоҳ намерасанд.
Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст мебошад, ки имрӯз кишварамон яке аз кишварҳои осудаву ором ба ҳисоб меравад.Ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик, ки имрўз дар фазои осудагии Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 27 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, бояд хуб фаҳмидан лозим аст, ки мақсади баромади навбатии Кабирӣ ва шариконаш бори дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо мебошад. Онҳо ба таври доимӣ ба ҳар як пешравии Ҷумҳурии азизамон ва ободии он ягон гапҳои бардурӯғ бофта, мардумро гумроҳ сохтан мехоҳанд, вале мардуми бофарҳанг ва ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кори аблаҳонаи онҳоро дарк намудаанд ва ҳеҷ гоҳ ба суханҳои бофтаи онҳо бовар надоранд.
Дар ҳақиқат, агар Кабирӣ барои мардуми кишвари хеш дилсӯзӣ мекард, ҳеҷ гоҳ амнияти кишварро бо ин суханони беасос гунаҳкор намесохт. Ба ҳар як шаҳрванди кишвар маълум мебошад, ки амният ин асоси оромии давлат мебошад, барои ҳамин вазифаи имрӯзаи мо ба ин баромадҳои ифродгароён боварӣ ҳосил накарда, кишвари хешро дӯст дорем ва шукрона кунем, ки осудаву ором умр басар бурда истодаем.
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст мебошад. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда қодир аст, пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Изҳороти устодони кафедраи
алгебра ва геометрия