​Ба сараш халта пушонданд: чузъиёти боздошти Шарофиддин Гадоев

Шукрона мекунем, ки дар ин канори Точикистони чоночонамон масрурем ва ободии хонадони мо равшан аз чароги Истиклол мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Дар даврони Истиқлолият дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағироти сиёсӣ, аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандншӣ, парлумони касбӣ, интихоботи алтернативӣ ва ғайра дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақшихосагузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври мунтазам ба минтақаҳои гуногуни кишварамон сафар карда, оид ба дастовардҳо шиносшуда барои бозҳам вусъат додани ободониву созандагӣ дар ин минтақаҳо фикру андешаи худро баён менамоянд. Аз ҷумла бо дастовардҳои дар муддати 27 соли истиқлолият шиносгардида якчанд иншоотҳои навро мавриди истифода қарор доданд. Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳои буҳтониро нисбати мамлакатамон паҳн намуда истодаанд.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз мутаасифона, тамоми ҷидду ҷаҳди садорати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои сиёҳ кардани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки вай доимо ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.

Имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷӣ аз рӯи принсипи эҳтироми манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, барои рушди устувори кишвар равона гардиданд. Сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд рафтани обрӯ ва мақоми он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намуд. Солҳои охир нишондиҳандаи афзоиши ҳамасолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон яке аз баландтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ боқӣ монда, дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар нақши назаррас дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи кишвар бо назари нек нигоҳ намуда, итминони комил доранд, ки солҳои наздик шарту шароити зиндагонӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт. Имрўз тамоми чомеаи факултети филологияи рус, кафедраи Методикаи таълими забон ва адабиёти рус чунин санои истиқлол мекунем

Ватандоро! Ватанро дуст медор,
Ватандори бувад омоли точик.
Ба Чоми Чам биёва бодаи мехр
Ки дар вахдат бувад икболи точик.
Кухансолу куханачдоду дахрем,
Набошад миллате амсоли точик.
Чахон донад, ки аз рузи азал буд,
Самарканду Бухоро моли точик,
Ба сар бояд давидан, эй азизон,
Ба побусии Истиклоли точик.

Кафедраи Методикаи таълими забон ва адабиёти рус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ