Нури Роғун, нури Раҳмон аст
Мушкилии об ва энергетика, ки аз хатарноктарин муаммоҳои қарни муосир ба ҳисоб меравад, дар солҳои охир дар Осиёи Миёна ба муаммои доғи руз мубаддал гаштааст. Ва миллати мо кам мондааст, ки ба ин муаммои доғи рӯз хотимаи воқеи гузорад. Чун сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун саодате аст, ки бо нури раҳмонии худ, кишварамонро нури хуршеду ҷилои моҳтоби хоҳад бахшид.
Хушбахтона хиради воло ва башардӯстонаи сарвари давлати тоҷикон буд, ки кам мондааст, то аз нури Роғун чандин мамлакатҳо равшан гарданду баҳра ёбанд.
Дар ҳақиқат бахти ҳар як қавму миллат аз сарвари давлат будааст. Мо, имрӯз аз бахту тахти худ аз тоҷи ниёконии худ мефахрему меболем. Чун миллати мо имрӯз аз нури Роғун ҷилои нав гирифта, дар дилу дидаҳои кулли мардуми тоҷику тоҷикзаминон шӯълаи уммеду орзуҳо ва ормони чандинасраро бедор месозад.
Роғун барои мо рамзи ифтихору фараҳмандӣ аз он ҷиҳат аст, ки мардумамонро саодат додаву миллатамонро нусрат бахшидааст.
Роғун як навъ шиносномаи нави миллиест, ки моро дар ҷаҳони муосир дубора ҳамчун миллати созандаву бунёдкор дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ месозад.
Хоса миллати тоҷик дар масири ҷадиди давлатдорӣ роҳу равиши хосеро бахуд касб мекунад, ки кишварамон аз он рӯз то рӯз ҷароғону чаманистон гардида истодааст.