АЗ ОЗОДИТАЛАБӢ ТО БА «БОСМАЧИГАРӢ»
Муддате чанд тавассути расонаҳои гуногуни хабарӣ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба фазои истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудаги Тоҷикистон фитна андозад.
Дар нашри навбатиаш дар расонаҳои хабарӣ ў аз босмачиҳо бо ҳасрат ёд мекунад ва онҳоро «мубориз», «истиқлолиятхоҳи миллӣ» ва «баору баномус» меномад. Баробари ин, ў идеологияи шӯравиро бадном карда мегўяд, ки гӯё ҳаракати «озодихоҳонаи» босмачиҳоро қасдан бадном карда бошад. Аммо ин беору беномус ба хотир баровардааст, ки дар замони шӯравӣ ӯ, мисли садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар, аз тамоми имкониятҳо ба таври ройгон бархӯрдор буд, бепул табобат мегирифт, истироҳат мекард, дар мактаби миёна, техникуми омор, донишгоҳ бидуни пардохт таҳсил карда буд.
Кабирӣ босмачиҳоро «падару бобоёни баномус»-и худ меҳисобад ва мехоҳад, ки аз онҳо «қаҳрамон» созад. Зеро ба ақидаи вай, онҳо гӯё барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда будаанд. Ва дар ин маврид ҳукумати вақтро танқид ҳам мекунад, ки то ҳанӯз барои сафед кардани номи босмачиҳо амале накардааст.
Аммо ба ҳама маълум аст, ки босмачиҳо киҳо буданд ва барои чӣ мубориза мебурданд. Ҳаракати босмачигарӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори сиёсӣ ва ҳарбии хориҷӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ташкил ёфта, дастгирӣ мегардид ва фаъолияти онҳо ҳаргиз ба манфиати миллати тоҷик набуд. Босмачиҳо, ғайр аз қатлу ғорати бераҳмона дар ҳудуди Тоҷикистон, ягон амали некеро анҷом надодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади сохтани давлати миллии Тоҷикистонро надоштанд, балки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманди дигарро татбиқ мекарданд. Агар онҳо ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ мебуданд, аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфтанд. Лекин баръакс, тамоми аҳолӣ он замон Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ карда, бар зидди босмачиҳо мубориза мебурд.
Дар тадқиқоти худ олими намоёни тоҷик, шодравон Атахон Сайфуллоев хеле ба мавқеъ овардааст: «Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».
Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрўз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буданду халос. Ба маълумоти «босмачӣ»-бехонаву дари замонаи нав мерасонем, ки агар қурбу қудрат доред, бо роҳи оромиву осоиштагӣ баҳри ободии мардуми боҳиммати тоҷик дар камари ҳиммат бандед на даъвои мансабу чизу чора.
Шарифова Мӯътабар,
дотсент