Раҷабиён босмачиест ҳамсангари ТЭТ ҲНИ
Маълум аст, ки ҳар нафаре бурун аз Ватан зиндагӣ дорад бидуни фикру андеша ҳар санге ба дасташ хоҷагонаш доданд ба сӯи Ватан ҳаво мезанад. Баҳси Дороюши Раҷабиён дар мавриди “босмачиён” аз чунин раванде ҳаст, ки бидуни мулоҳизаву хулоса рӯи қоғаз омада ба ҳамватанону ҳаммиллатони хеш ҳаво дода шудааст. Магар Дороюш намедонист, ки хоинону миллатфурӯшон, ки монеаи пешрафту тараққиёти мардум мешуданд ҳамаро боз медоштанд ва ҳар нафаре ба пешрафт дастёб гашт ӯро ҳукме ба “кофир”, “бехудо” ва монанди ин мебароварданд то дигарон аз дастуру супориши эшон сарпечи накарда ғуломи ҳамешагии онҳо бошанд. Дороюш бо он, ки худро “аллома”-и замон метарошад магар намедонист, ки босмачиёне ба монанди Кури Шермат, Иброҳимбек, Фузайл Махсумро бо ҳаммиллати мо чӣ карданд? Шарм накарда онҳоро мудофеъи обу хоки худ донистани муаллиф гувоҳ аз он аст, ки супориши хоҷагонашон бояд бо ҳарроҳ амалӣ гардад. Магар барои нафаре, ки худро донишманду ҳамадон мегирад амали разилонаву золимонаи “босмачиён”-ро намебинад ё медонаду дидан намехоҳад?
Агар дар гузашта хоҷагони “босмачиён” «туркнажодашон» буданд имрӯз гурӯҳе аз намояндагони ТЭТ ҲНИ, Кӯри Юнус, Варқӣ, Ёқуби хоин ва чанд тани дигар идомадиҳандаи он ҳадафҳои нопоки “босмачиёнанд”, ки бо роҳу равиши нав мехоҳанд ба ҳамон мақсади “бобоиашон” расанд. Бегонапарасти ва таърихи худро по задаву мардумро гӯл задан нишоне аз фозили нест, танҳо хоиние аст, ки барои ҳаммилатони худ сазовор мебинӣ.Устод Садриддин Айнӣ нахуст посухе додааст ба мисли Раҷабиён ва ҳамсангаронаш, ки рисолаташон танҳо хоиниву миллатфурӯшист. Дар асари худ «Дохунда» образи «босмачиҳо»-ро чунин нишон додааст: «ҷазои босмачӣ аҳолиро сўхтан, куштан, овехтан ва кўбкорӣ (бузкашӣ) кардан аст, камтарин ва осонтарин ҷазояш гўшу бинӣ буридан аст, ки танҳо баъзе хушбахтон бо ин ҷазо халос мешаванд”. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо устод дар дигар маврид қайд кардааст: “Туғайсариғ даҳани халтаро кушода, гўшу биниҳои буридаи одамиро ба Иброҳимбег нишон дода, гуфт ҳар кадоми ин гўшу биниҳо гўшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоҳони онҳост, ки ба нияти устувор кардани давлати амир буридаам ва баъд аз ин ҳам ҳар қадар гўшу бинӣ, ки дар ин роҳ бибурам, ҷамъ мекунам, ҳар вақт ҷаноби амир омаданд, ба ҳузури муборак пешкаш менамоям, дар он вақт амир медонанд, ки Туғайсариғ кӣ будааст ва марҳаматҳои муносиб дар ҳаққи ман хоҳанд кард”. Ин нукта далели он аст, ки Дороюш мехоҳад ҳамин ақидаро амалӣ кунад ва тарафдори онҳост. Ҳамзамон устод Айнӣ дар дигарҷо ин нуктаро чунин ишора намудааст, ки далели рӯшан барои “кӯрон”-у “карон”: "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору яғмогару хунхоранд".
Муҳтарам “донишманд”, “фозил”, “аллома” дидӣ, ки “ҳимоятгарони обу хоки меҳан” чӣ амале доранд? Магар ҳамин аст, дӯстдориву хидмат кардан ба мардум? Магар бо ҳама он даъвову “доду вой” боз чашм мепӯшӣ ва сиёҳро сафед мегӯӣ? Магар оини мардист ҳамин? Мардумро азобу шиканҷа додан, онҳоро гумроҳ сохтан, бадбахтиёҳои зиёдро ба сари мардум бор кардан, ҷавононро ба гумроҳи тела додан, ҳазорон кӯдаконро саргардон намудан аз ҳадафҳои “босмачиён”-и ту ва ҳамсангаронат ТЭТ ҲНИ ҳастанд, ки имрӯз ин ҳадаф бо дасти гурӯҳе аз гурезагон ва хоинони миллат ба мисли тубаринҳо амалӣ мегардад! Гумроҳ намудани ҷавонон ва онҳоро ба ҳар восита ба роҳи хиёнату ҷаҳолат даъват намуданимрӯз ба дасти хоиноне мисли ту ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ амалӣ мегардад, ки идомадиҳандаи “кору пайкорӣ”, ҳамон “босмачӣ” аст!
Мо мардуми тоҷик медонем ва яқинан бовар дорем, ки ҳеҷ ақидаву афкоре наметавонад ба устувории фикрии мо латма занад ва ё моро ба бегонапарастиву миллатфурӯши даъват кунад. Дигар ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши хоинону нобакороне мисли ту ва ҳамсангаронат барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Зеро амалу андешаи нафароне мисли ту дигар барои мо ҳамон “босмачии” хоин ва ТЭТ ҲНИ лаин аст!
Ҳомидова Манзура – сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ