Конфронси илмӣ зери унвони «Суханшиноси номвар ва устоди беназир»
Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси илмиву адабии«Суханшиноси номвар ва устоди беназир»бахшида ба фаъолияти илмиву омӯзгории донишманди шодравон доктори илмҳои филология, профессор Абдулманнон Насриддин, баргузор гардид. Конфронси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 65-солагии донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин, ки зодаи ҳамин ноҳия мебошад доир карда шуд.
Дар конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Рухсора Давлатзода олимону адабиётшинсони шинохта иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки дар сатҳи вилояту ноҳия арҷгузорҳо дар ҳаққи устод ҷоизи зикр аст. Аз ҷумла, бо дастгирии молиявии Раиси вақти вилоят, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода 7 ҷилд “Куллиёти осор”-иАбдуманнон Насриддининтишор гардидааст ва дар ноҳия кӯчаи бузурге ба номи устод гузошта шудааст, ки аз қадршиносии давлату ҳукумат дарак медиҳад. Имрӯз дар ноҳия садҳо шогирди устод аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯянд, ки зумрае аз эшон дар конфронс ширкат доранд. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки соли равон ҷашни устод дар сатҳи вилоят бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи маҳфили адабиву илмии “Ганҷи сухан” дар қасри фарҳангии “Суғдиён”оғоз ёфт ва дар муассисаҳои илмиву таълимӣ низ ҷашн гирифта шуд.
Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаев баромад карда, меҳмонони конфронсро аз номи Раиси ноҳия ЗарифНазирӣ хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд кард, ки Абдулманнон Насриддин соҳиби унвони Аълочии маорифи ҶТ, Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо осори илмиву адабии худ машҳур гардидааст ва мардуми ноҳия ифтихор доранд, ки чунин фарди маъруф зодаи ин макон мебошанд.
Баъдан олими маъруфи тоҷик доктори илмҳои филология, профессор, мудири шӯъбаи таърихи адабиёти ИЗА ба номи А.Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Нуфузи Абдулманнон Насриддин дар ҷомеаи тоҷик” сӯҳбати муассиреро ироа намуд. Ӯ ба фаъолияти Абдулманнон Насриддин аз нуқтаи назари арзишҳои иҷтимоӣ баҳо дода, зикр кард,ки шахсияти ин донишманд на танҳо дар ҷодаи суханшиносӣ балки ҳамзамон дар тавсеаи афкору ахлоқи ҷомеа ба самти беҳин нақши бориз дорад.
Сипас дар мавзӯи “Нақши Абдулманнон Насриддин дар шинохти шахсият ва осори Рӯдакӣ” адабиётшинос, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад баромад намуд.
Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона хотираҳои равшани хешро аз рӯзгори устод ҳикоят намуд. Мавсуф Абдулманнон Насриддинро Мавлонои имрӯз номид:. Агар бузургиву наҷобат омўхтанӣ мебуд, аз ў меомўхтем. Агар покиву шарофату сафои сиришту алтофи ботин, агар ҷавонмардиву ростиву якрўӣ, агар меъроҷи рўҳу сууди ҷонро имкони вом бардоштан буд, аз ў мебардоштем. Агар мумкин буд, ки одамиятро аз касе қарз бигирем, аз ў мегирифтем. Аммо ин ҳама тўша, ки дар бисоташ фароҳам буд, зодаи фазли Аллоҳиву бардошти фитриву хиради ладунист, ки ба дигаре наметавон эҳдо кард.
Дар мавзӯи “Аҳамияти осори матншиносии Абдулманнон Насриддин дар тасҳеҳу танқеҳи адбиёти узбек” Ваҳҳоб Раҳмон, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлати Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад карда, гуфт, ки дар заминаи китоби “Матншиносии осори адабӣ”-и устод Насриддин мо дар Ӯзбекистон осори ӯзбекии адибонро тасҳеҳ ва танқеҳ менамоем. Яъне ин асари Абдулманнони Насридин дар матншиносии осори адабии забонҳои дигар аз ҷумла пешрафти адабиётшиносии муосири ӯзбек судманд аст.
Суханронии илмии Шарифмурод Исрофилниё, доктори илмҳои филология, профессор, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ҳофизи Шерозӣ дар таҳқиқиАбдулманнон Насриддин” ба масъалаҳои шарҳи осори адабӣ, ки як самти фаъолияти А.Насриддин маҳсуб меёфт бахшида шуд..
Доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддин фарзанди аршади Абдулманнон Насриддин аз рӯзгори ибратомӯзи падари хеш нақлҳои ҷолиб кард. Ҳамчунин ба дасандаркорони кофронс изҳори сипос намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод.ки ҳамдарсу ҳамхидмати устоди равоншод мебошад аз даврони донишҷӯии Абдулманнон Насриддин ёд кард.
Муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рухсора Давлатзода, роҳбари маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» Саидумрон Саидов, меҳмонони конфронс як силсилаи китобҳои илмиву адабиро ба китобхонаи ноҳия ҳадя намуданд. Сармуҳаррири газетаи «Хуҷанд»- и ноҳияи Бобоҷон ҒафуровӮғулой Қосидова ба иштирокчиёни конфронс шумораи газетаи ноҳиявиро,ки ба ҳаёт ва фаъолияти Абдуманнон Насриддин бахшида шудааст бо силсилаи китобҳо ҳадя намуд.
Барномаи адабиву мусиқӣ бо иштироки сарояндагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Тулқин Тоҷибоев, Муҳиддин Ғозиев, Носир Раҳимов, Сироҷиддин Худоймерганов ва Абдураҳмон Абдураҳмонов, ки эшон низ аз шогирдони устод Насриддинов маҳсуб мешаванд анҷоми зебои конфронс гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил