​Арҷгузорӣ ба нависандаи маъруфи рус

Бахшида ба 210–солагии нависандаи оламшумули рус Гогол дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филологияи русконференсияи илмӣ-адабӣ доир гашт.

Конференсия зери унвони «Мероси адабии нависандаи машҳури рус Николай Василевич Гогол», ҷараён гирифта, дар он намояндагони Маркази илм ва фарҳанги рус дар шаҳри Хуҷанд ҳузур доштанд.

Донишҷӯён доир ба ҳаёту фаъолият ва мероси адабии нависанда маълумот дода, аз рӯйи асарҳои адиб саҳначаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба ҳозирин пешкаш гардониданд.

Иштирокдорон асарҳои Гоголро мавриди муҳокима қарор ва дар ин замина мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ