​Нест бод ҳизби хонасӯзи наҳзат

Яке аз равияҳои кӯҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ“ ҷомеаи бародари исломӣ” ба ҳисоб меравад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба марҷоати ягонаи танзими ягонаи зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии мусулмонон табдил ёбад.

Тибқи принсипҳои “Ихвон-ул-муслимин”, ҳадафи якуми онҳо шариат бояд танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Мақсади дуюми онҳо муттаҳид намудани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саро сари ҷаҳон мебошад. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни равияҳои исломӣ чун ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир фаъолияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Ин равияҳо барои расидан ба мақсади худ аз усулҳои хоси худ, махсусан ба усули “қадам ба қадам” истифода мебаранд, ки ҷавонон аз шомил шуданашон ба ин ҳизб бехабар мемонанд.

Хулоса ҲНИ тӯли замони мавҷудияти хеш чӣ азназари ақидавӣ ва чӣ аз назари амалӣ аз усулҳои “Ихвон-ул-муслимин”ба тарзи густурдаистифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИ аз рӯи усули “қадам ба қадам” аст: ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намуда, онҳоро ба сӯи худ кашидааст .

Мо ҷомеаи устодон тарафдори сулҳу амонӣ ва оромии кишвари азизамон ҳастем ва мехоҳем, ки ҳамеша сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳми ҳукмфармо бошад.

Ҷомеаи кормандони раёсати илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ