Терроризм – падидаи номатлуби инсоният

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремисти динӣпаҳн гардида истодааст, ки ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид менамояд. Хусусан, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣва ё динӣ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ). Экстремизми динӣ аломатҳои худро дорад, ки аз дигар намудҳои фаъолияти экстремистӣ фарқият дорад. Ба сифати нишонаҳои ҳатмии экстремизми динӣ маҷмўи мафкураи динӣ-экстремистӣ дохил мешаванд, яъне ақида ва андешаҳои муайян, тарз ва усулҳои баамалбарории ақидаҳои экстремистӣ. Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзанд. Ҳоло дар ҷаҳони пуртазод шумораи зиёди ташкилотҳои терророристӣ ба қайд гирифта шуда, ҳарсола дар ҳодисаҳои терористӣ ва умуман бо иштироки онҳо ҳазорон нафар гирифтори марг мегарданд. Омили асосии сирояти ғояи ифротгароӣ ба зеҳну шуури бархе аз ҷавонони тоҷик — намояндагони равияҳои ваҳҳобия, салафия, ваҳизбуттаҳрир мебошанд.

Ҳизб ут-Таҳрирал-Исламӣ (араб. حزب التحرير – “Ҳизби озодии Ислом” ) – Ҳизби сиёсии байналмилалӣдар ҳайати дини Ислом буда, ба вай соли 1953 дар Иерусалими Шарқӣ аз тарафи судияимаҳалии суди аппилятсионӣ Такиюддин ан-Набхани асос гузошта шудааст.Аъзоёни гуруҳ тақрибан 1000000 нафар мебошанд.Федератсияи Россия Хизб ут-Тахрир ал-Исламиро ҳамчунташкилоти террористӣ – экстримистӣ қабул кардааст. Дар давлати Олмон (Германия) низ фаолиятиин ташкилоттаъқиқ карда шудааст.Мақомотҳои органииИёлотиМуттаҳидаиАмрико гурӯҳи Ҳизбут таҳрирро ба гурӯҳҳои фаолияти зуроварӣ ва экстримистӣ дар байни мусалмонондохил мекунадва ин гуна гурӯҳҳо қобилиятидастгири намудани ғояҳои терроризм доранд, гуфтамеҳисобанд.Дар бисёр давлатҳои мусалмон фаъолияти ин ташкилот боз дошт ва таъқиб карда шудааст. Дар Қозоқистон фаъолияти«Њизб-ут-Таҳрир» аз тарафи суди олӣдар соли 2005 дар ҳаракатҳои экстримистӣ дониста шуда, таъқиқ карда шудааст.Фаъолияти ташкилоти мазкур дар дигар давлатҳои Осиё ва Аврупо низ таъқиқ шудааст.Дар Тоҷикистон низ фаолияти ин ташкилот аз соли 2008 моҳи январ бо қарори суди олӣкатъ карда шудааст. Баъди фавти ан-Набхани дар соли 1977 ташкилотро Абдул Кадим Заллумидора кард, баъди марги Заллум аз соли 2003 ташкилотро Ата Абу Рашта идора кардааст. Мақсади эъломияи ташкилот – барқарор кардани тарзи ҳаёти исломӣ ва эҳё сохтанисистемаи исломӣдар давлатҳо арзёбӣ гардидааст.

Эшмуродова Д.А.,

омӯзгори кафедраи фонетика

ва лексикологияи забони англисӣ,

факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ