​ҲНИ ва рафтори хиёнаткоронаи он

ҲНИ аз рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузорону думравонаш ва аз мазҳаб фурӯшиву қатлу куштори онҳо сиёҳ буда, ба варақзании он дигар ниёзе нест.

Чунки дар мавриди мазкур навиштаанду ҳамарӯза менависанд ва мо – шаҳрвандон низ шоҳиди бевоситаи кирдорҳои хабисонаи наҳзатиён будем ва натиҷаи майдон бозиву гирдиҳамоӣ ва исломгароиву маҳал парастиашон қариб буд, Тоҷикистони азизро аз харитаи ҷаҳон пок сохта, миллатро ба гумномӣ кашад.

Хушбахтона мо мардуми тоҷик бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистем, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намоянд, пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузоранд ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон оранд. Ҳизби наҳзати ислом, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик буда, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолият дар комашон заҳру зақум гардида, онҳоро ноорому безобита мекунад. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро дар расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.

Аз кули шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меовардам, ки нисбати фаъолияти иғвокоронаи наҳзатиён бетаф набуда, насли наврасро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд. Зиракӣ ва ҳушёри сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Омӯзгорони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ