Ҳеч як ваҳшие ба ҷангал хиёнат нахоҳад кард...
"Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд".
Ту, ман, мо ҳама як пораи - ТОҶИКИСТОНем!
Пас масъули сулҳу рифоҳ ва ободиву шукуфоии ин сарзамин, ту, ман ва моем. Бояд, ки дар ҳимояи ин меҳани саодатофар мо талош варзем. Дар ин сурат мо ба ҳар як бадиву торикӣ музаффар хоҳем шуд, ва дилҳоро мунаввар хоҳем кард.
Нашояд ба ин об, хок, бод хиёнат кард. Хиёнат ба Ватан - хиёнат ба модар, ба падар, ба шир, ба суруди сари гаҳвора, ба ҳафтяку чаҳоркитоб, ба дӯст, ба нахустин муаллим, ба панду насиҳатҳои пирон ва ба Худост.
Ҳеч як ваҳшие ба ҷалгал хиёнат нахоҳад кард.
Гурбаи дайду ҷойи таваллудшудаашро фаромӯш намекунад.
Саг сояи соҳибашро мешиносад.
Гунҷишк ба он ҷое лона мегузорад, ки соли перор гузошта буд.
Гӯспанд бо он ҳама кундзеҳнӣ роҳи оғилро медонад.
Турнаҳо баҳорро бешиносанд, зоғони аъло фасли дайро.
Аммо, хоини ватан...
Чун рӯҳи носолим дорад, андешааш фақат ва фақат дар шикастан, нобудсозӣ ва фитнакорист. Бечора дигар ба чи дарде даво бишавад, охир? Аз ӯ беҳтарин неъмат, яъне ҳубби Ватанро Худо гирифтааст. Анкабути ҳасрат, анкабути надомат, анкабути пушаймонӣ тор метанад, аммо хиёнат ва хиёнаткор бахшиданӣ нест, гузашт кардан хатост...
ХУШ БА ҲОЛИ ОНҲОЕ, КИ:
Бемор ҳастанд, зеро ки даво меёбанд;
Мотамзадаанд, зеро ки тасаллӣ хоҳанд ёфт;
Азоби гуруснагӣ мекашанд, зеро сер хоҳанд шуд;
Аз сардиҳои ин шабу ин рӯзҳо меларзанд, зеро баҳор омаданист...
Хуш бод ҳоли касоне, ки дар фикру зикри Ватананд, покдиланд, некамаланд, хушгуфторанд.
Вой бар ҳоли хиёнаткори хоку обу ҳаво, зеро наметавон онро бо ягон маҳлул шуст ва ё иксир табдил кард...
Алишер Раҳмонӣ, журналист