​Ҳадафҳои нопоки наҳзатчиён

Ифроту ифротгароӣ падидаи номатлуб буда, ба зӯроварию таҳдид асос гардидааст. Ин аст, ки онҳо ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, сулҳро сарфи назар намуда, барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан – Модар бегона буда, танҳо ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон муҳим аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бархе аз гуруҳҳои ҷинояткор бо роҳи фишору зӯроварӣ мехоҳанд соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат бигиранд. Яке аз ин гуна гуруҳҳо ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, баъди шикаст хӯрдан низ боз мехоҳад давлати сулҳу осоиштаи Тоҷикистони азизи моро боз нотинҷ гардонад. Лек тири онҳо чун ҳарвақта хато мехӯрад.

Аслан, мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ як омили хатарноке барои мардум ва давлат буд, ки ба пешрафти кишвари мо аз ҳар ҷиҳат монеа эҷод мекард. Баъди аз байн рафтани ин монеа, солҳои охир мо шоҳиди рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоду ҳаёти кишварамон гардидаем.

Иншоотҳои бузурги саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд. Симои кишварамон ва махсусан шаҳри Душанбе хеле зебою диданӣ гардидааст. Чунин вазъият дар замони ҳозира шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷиро бо мақсадҳои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ҷалб менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад.

Мо, тоҷикон миллати хешро ба таври арзанда муаррифӣ намуда, ҳама гуна баромадҳои зиддимиллии роҳбар, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ - террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломиро комилан маҳкум мекунем.

Факултети санъати тасвирӣ ва технология,

кафедраи Т ва МТО Бобоҷонова Ш.У.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ