​Ҳизби наҳзати ислом

Дар давраи Истиқлолият, Тоҷикистон ба як давлати комилҳуқуқи башарӣ табдид ёфта истодаст, вобаста аз он , иқтисодиёти мамлакат пеш рафта, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва доду гирифти молу маҳсулот торафт зиёд гашта истодааст. Ҳамаи ин тараққиёт ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагӣ ягона ва дунявӣ будани Тоҷикистони азиз мебошад. Ҳоло давлати мо аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба яке аз давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфта истодааст. Торафт корхонаҳои саноатӣ хурду бузург зиёд шуда истодаанд.

Бо баробари ин, душманони Тоҷикистон намехоҳанд, ки давлати мо пеш равад. Онҳо намехоҳанд, ки дар кишвар оромӣ ва осудагӣ бошад. Бо ин ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халадор мекунанд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.

Коршиносон дуруст қайдаанд, ки халқи тоҷик то ҳол оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, хусусан дар вилояти Хатлон ҳис мекунанд. Вобаста ба ин, моро зарур аст, кизиракивуҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем. Дар дарсҳои тарбиявӣдонишҷуёнроаз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дошта, онҳоро дар руҳияи ҳувияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ таълиму тарбия намуданамон лозим аст.

Чихеле, ки ба мо маълум аст, прократураи генералии Тоҷикистонсанаи 17 сентябри соли 2015 дастгир шудани 13 аъзои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломро, аз ҷумла аъзои қисми идоракунии ҳизбро бо гумони даст доштан дар амалиёти собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодатасдиқ намуд. Мувофиқи ахбориПрокуротураигенералӣ, Назарзода бо фармон ва роҳбарии бевоситаи роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ 20 гурӯҳи ҷангии хурдро ҷамъ намуда мусаллаҳ гардонид. Онҳо нақша доштанд бо ёрии онҳо вазъи Тоҷикистонро ноором созанд. Ҳамин тавр, суди олии Тоҷикистон ҲНИ-ро ташкилоти экстремистиву террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро қатъ гардонид.

Ташкил кардани чунин созмонҳои ғайридавлатӣ яке аз роҳҳои ба даст овардани маблағҳои пулӣ ва сарфи минбаъдаи он дар фаъолиятҳои террористӣ мебошад. Маблағҳои ба ин созмонҳо воридшаванда маъмулан ба унвони бахшиш ва кумак аз хориҷи кишварҳо роҳнамоӣ шуда, дар баъзе мавридҳо шахсони алоҳида ҳатто намедонанд, ки нохоста чӣ кумаке ба гурӯҳҳои террористӣ расонидаанд? Аз ҷумла, ташкил ва фаъолияти чандинсолаи ташкилоти террористии Ҳизби манъшудаи наҳзати ислом аз ин қабил созмонҳо мебошад, ки аз кумаку бахшишҳои зиёде мунтазам бархурдор буд. Аз ҳисоби грантҳои бадастомада Кабирӣ рӯи оламро сайр намуда, бизнеси худро пеш бурд ва паноҳгоҳи мустаҳқам бунёд намуд.

Ба касе пӯшида нест, ки ҳамаи ҳизбҳои террористӣ байни ҳам робитаи қавӣ доранд. Бинобар якнавохт будани самти фаъолияти аҳзоби дар боло зикргардида, ҳангоми анҷом додани амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақаи ҷаҳон, то он даме, ки ягон ҳизби террористӣ масъулияти онро ба зима нагирад, касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки ин амал бо дасти кӣ анҷом ёфтааст. Чунин ҳодисаҳо гӯёи онанд, ки аксарияти ҳизбҳои террористӣ байни худ дар робитаи наздик амал мекунанд.

Ташкилоти террористии ҲНИ низ бо тарҳрезӣ кардани нақшаҳои ғаразноки худ кӯшиши табаддулоти дохилӣ намуда, дар натиҷаи он нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Бо мамнӯъ эълон намудани фаъолияти ин ҳизб дар кишвар, соли дуввум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари ин ҳизби террористӣ оромиши худро аз даст дода, ҳанӯз ҳам кӯшиши барқарор намудани мавқеи аздастрафтааш мебошад. Ба хотири роҳандозӣ намудани аҳдофи нопоки худ, Кабирӣ дар ҷустуҷӯи минбарест, ки аз он ҷо мисли мусичаи бегуноҳ баромад кунад ва барои худ паноҳгоҳ ва пуштибон пайдо намояд. Вале худи ӯ хуб медонад, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломии ӯ пурра суқут карда, дар таърихи сиёсати тоҷикон ҳамчун як ҳизби экстремистӣ-террористии ноком сабти ном шудааст.

Мо шукрона менамоем, ки давлати ободу соҳибистиқлол, тинҷу оромродорем,ки дар тули якчандсолҳо бо хуну хунрезӣ ба дастовардаем, эҳтиёт намоем. Ба дасти чунин нохалафҳое, ки сулҳуоромии Тоҷикистонро намехоҳанд, нагузорем.

Ахмедова З.С., мудири кафедраи химияи умумӣ ва

методикаи таълими он

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ