​Дунёи одамӣ аз ободӣ барпост

Таърих гувоҳ аст, ки дар охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI миллати тоҷик бо гуноҳи якқатор мавкуравайронҳо ба гирдоби бародаркуши кашида шуд. Душманони миллат бо мақсади ба сари қудрат омадан дини мубораки исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда ҳизберо бо номи Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти ғайри инсонии худро оғоз намуда буданд. Ба хок омехта сохтани хуни бегуноҳон, ғарибу беватан гардонидани одамон, туҳматҳои ғайриназардоштро ба миллату сарварони он ва ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Ватан ва ҳамватанон бархезониданашон сабаб ба он гашт , ки ҷамъияти инсонӣ дар паси лиқоб ки буданашонро, мақсадҳои ғаразона доштани онҳоро инчунин, муътадилиро дар Осиёи Марказӣ вайрон карданро мақсад доштани онҳоро фаҳмида, фаъолияти ингуна ҳизбро ғайриқонунӣ ҳисобида фаъолияташро боз доштанд.

Халқи тоҷик марҳилаи ҳассос ва тақдирсозеро, ки то ба нест шудани давлат расонида буд аз сар мегузаронид, дар ин давру замон зарурияти ба миён омадани шзиракии сиёсӣ халқу миллат аз ин буҳрони сиёсию иқтисодӣ баромад. Таърих гувоҳ аст, ки дар он вазъияти фоҷиабор мардуми тоҷик соҳиби матонату мардонагӣ буд ва бо ҳисси ватандӯстиву диловарии хеш ҳамчунидомадиҳандаи корномаҳои гузаштагони хеш аз ин варта раҳо ёфт.

Ҳар як халқ дар таърихи мавҷудияти худ майл ба ҳасти дошт ва ҳоло ҳам дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони асили ҳар халқу миллат кӯшиш ба он харҷ кардаанд, ки насли наврас ҳамчун ояндасоз тарбия ёбад. Халқи тоҷик низ нисбат ба суханони ҳакимонаи гузаштагони худ, ки дар зиндагӣ чун дастуруламал хизмат кардаанд, ҳурмату эҳтироми бағоят самимона дорад. Маълум аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башар ҳар як миллат рисолати азалиашро анҷом дода, дар масири рушди он ҷойгоҳи хешро муайян месозад. Халқи тоҷик бо фарҳанги қадима ва ибратомӯзи худ, ки дунёи илму маърифати инсониро таҳким бахшида, ҳамчун неруифайзбахш ба рушду нумӯи маорифу маданияти олам арзи ҳастӣ фармудааст бе таъсир ба мавкураи одамон намондааст.

Донишу таҷрибаи бадастомада барои барқарории сулҳ дар ҳар як хонадон ва дар ҳар оила равона шуд. Баҳри шукуфонии Ватани азиз фарзандонион содиқона хизмат намуданд.

Бояд зикр кард, ки бунёди бузургтарин иншооти аср Тоҷикистони азизамонро чун кишвари сарчашмаи захираҳои бойи табиӣ, содиркунандаи неруи барқи тоза муаррифӣ мекунанд тезтар мешуд агар хиёнаткории намояндагони ҲНИ дар оғоз шудани ҷанги бародаркуш, кушторҳо, дуздиву ғоратгарӣ, роҳзаниву дигар амалҳои ношоистаро ташкил ва амали гардонидани онҳо намебуд.

Хуб шуд, ки фаъолияти ҲНИбоздошта шуд, ҳатто Худо аз онҳо рози набуд чунки онҳо хиёнат ба гуфтаҳо, ба ҳидоятҳои мусулмонӣ итоат накарда ба дину Ватан хиёнат карданд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ