Изҳороти кормандони Институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ
Рӯйдодҳои охири дар маҳаллаи Сомониён ба вуқуъ пайваста, ки аз ҷониби гурӯҳи сокинони маҳаллаи Кот-таши деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ба вуқуъ пайваст, ҳақиқати ин амрро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар зери таъсири дасисаҳои нифоқангезон оина ва боми шиферпуши мағозаро дар маҳаллаи Сомониён шикастаанд. Ҳатто бо ин қаноат ҳосил накарда накарда, оинаҳои мошини сабукрави сокини ҳамин маҳалла Умрониддин Сафаровро низ хароб , ба ӯ зарари моддӣ расониданд. Ҳол он ки мағозаи мазкур танҳо барои истифодаи умум ва хизматрасонӣ барои сокинониҳар ду ноҳияҳои наздисарҳадӣ сохта шудаанд, ки ҳатто аз он аҳолии маҳаллаи Кок-Тош низ истифода мекунанд. Боиси таассуф аст, ки ба ҷои ором намудани вазъ ва талош дар таъмини ҳамдигарфаҳмӣ бархе намояндагони мақомоти сарҳадбонии кишвари ҳамсоя худ ба ин ҳангомаҳо дода шуда, бевосита ба чунин амалҳоиадоватбор даст мезананд, ки сабабгори афзудани нооромиҳо ва норозигиҳои мардум мешавад.Ин аз он дарак медиҳад, ки мутаассифона қувваҳое ҳастанд, ки ба хотири пиёда намудани ҳадафҳои хеш мехоҳад баҳонаҳои ночизеро эҷод намуда, зиддиятро дар навоҳии наздисарҳадӣ тезутунд намуда, ҳатто ба афрӯхтани оташи ҷангу ҷидолсабаб шаванд. Дар бештари маврид ба назар мерасад, ки аҳолии навоҳии наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғистон ба тавтеаи қувваҳои манфиатхоҳ бовар намуда,ба масъалаи мансубияти бархе аз манотиқи марзӣ дахл мекунанд.
Аз ин рӯ, мо кормандони Институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амали мазкури дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуҷуъ пайвастаро маҳкум намуда,даъват ба амал мебарорем, ки набояд онҳо бадасисаҳои гуруҳҳои манфиатхоҳ дода шаванд, зеро ин танҳо ба дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар халал эҷод намуда, нифоқу душманиро афзунмегардонад.