Терроризм ва экстремизм вабои аср

«Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда,

барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрўз яке аз проблемахое, ки тамоми чахонро фаро гирифта аст ин зухуроти номатлуби Тероризмва Экстремизм мебошад. Тамоми мардуми сайёра имрўз кўшиш ба он медиханд, ки бар зидди ин амали номатлуб мубориза баранд.

Дар Тоҷикистоннизбарҳе аз гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон манъ шудааст, боз ҳам барои ноором кардани фазои сиёсии ҷомеа тавассути шабакаҳои иттилоотӣғояҳои ғаразнокӣ худро пешниҳод карда истодаанд. Аз ҷумлаҳизбу ҳаракатҳои салафия, ҳизби таҳрир, бародарони муслимин, ТЭТ ҲНИТ, гурўҳи 24 ва ғайраҳо.

Онҳоаз сулҳу субот, ваҳдати миллие, ки дар натиҷаи муборизаю заҳматҳоипурмашаққат ба даст омадааст, намерасанд. Дар моҳи шарифи рамазон нигоҳ на карда ташкил кардани ҳаргуна бетартибиюҷамъомадҳо на аз рўи меъёри динӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷавобгў намебошад. Ҷалб кардани ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо низ яке аз амалиётҳои нопок ва ғаразнокӣ ин равияҳои ифротӣ мебошад, ки бо ин онҳо мақсад доранд, ки зидди сохти конститутсионӣ, ваҳдату оромии кишварро халалдор созанд.

Роххое, ки имруз човононро ба ин самтхои зидди инсонӣ мебаранд, инхо пеш аз ҳама ҷиҳатхои сусти ҷавононро пойдор намуда, аз номи дини мубини ислому мусалмонӣ ҳарф зада, чавонони хомро шефтаву мафтуни ин гурўҳҳои ифротӣ менамоянд. Сари ин мавзўь бояд андеша кард, ва куркурона набояд бо роҳнамоии дигарон роҳ ҷуст.

Ин мушкилотро мо танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он метавонем пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишавр Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мақолаҳояшон мегўянд:

«То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо барзидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ва давлати сохибихтиёрро бо тамоми чузьиёташ ташкил кардан аз имкон берун аст».

Биёед ҳама якҷо камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар бароварда ин зуҳуротҳои номатлубро аз ҷомеаву кишвару сайёраи худ аз беху бумаш решакан намоем ва нагузорем, ки барои ояндаи насли донишманду бо фарҳанги ачдодони Сомониву Рўдакӣ, Фирдавсиву Ҷомӣ касе сади роҳ ва монеа шаванд.

Ва чунин давлати биҳиштосое, ки Худованд бар мо насиб гардондааст, барои сангу хоки ин сарзамини мо бояд ҷону ҳаёти худро дареғ надошта ин ватани азизамонро аз ҳаргуна зуҳуроти номатлуб ва вабои аср хифз намоем!

Мо, пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишҳою манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Дар хулоса таъкид бояд дошт, ки ҳувият, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва тафаккури баланди фалсафию ҳуқуқӣ аслиҳаи бузургест, ки алайҳи ҳуҷуми террористон ва душманони миллати мо аст.

Ҳомидова М. – омўзгори кафедраи умумидунишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ