Ҳизби назҳати ислом - ҳизби маҳкумшуда
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби назҳати исломӣ,дар давраи пошхӯрии давлати Шуравӣ, бо мақсади ба даст гирифтаниҳукумат ва давлати исломӣ гардонидани Тоҷикистон тавлид гаштааст. Ташкил ва нақшаи фаъолияти ин ҳизб дар хорҷ таҳрезӣ шуда буд. Ин ҳизб маҳз барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд, ки басари халқи тоҷик ғаму андуҳи зиёдеро бор овард. Ҳизби мазкур пайваста дар фикри забт намудани ҳукумат, аз ҳама имкониятҳо истифода мебурд. Мақсадҳои нопоки худро бо либоси ислом пӯшонида гуруҳеро фирефтаи ақидаи худ карда буд. Бо мақсади ноил шудан ба мақсади нопоки худ бакуштори аҳли зиё даст заданд ва садҳо рӯзноманигорон, олимон ва зиёиёнро ба қатл расониданд, вазъи Тоҷикистонро ноором сохтанд, ки ин амали ғайри инсонии онҳо фаромуш нахоҳад шуд.
Баъд аз амалӣ нагаштани мақсади ниҳойии худ, ҲНИ роҳҳои дигари муборизаро пеш гирифт. Эҷоди фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд, мақсади онҳо гашт. ҲНИ ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ва омезиши он ба дини мубини ислом ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Ҳоло ин ҳизб бо дигар ҳизбҳои характери экстремистӣ дошта пайваста фаъолият дорад. Афкори ин ҳаракат барои на танҳо миллати тоҷик, балки барои тамоми ҷаҳониён хатарнок аст. Ҳоло рохбарияти ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати Ислом дар хориҷи кишвар карор дораду бо кумакҳои «хоҷагони хориҷӣ» - и худ боз мехохад дубора миллати тоҷикро ба гумроҳ созад. Ваҳте ки дар ниқоби дини Ислом муборизаҳояшон барор нагирифт, ҲНИ тасмим гирифт, ки ивази ном кунанд. Ҳоло бо номи “Паймони миллӣ” овози худро берун мекунанд.ҲНИ, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун "Паймони миллии Тоҷикистон" эълон карда, иттилоҳои шабакавииҶумҳурии Тоҷикистонро паст зада истодаанд, ки роҳбари ин гурӯҳ худи Муҳиддин Кабирии фирорӣ мебошад. Ифродгарон дар кадом шакле, ки зуҳур накунанд, яке аз хатарҳои фоҷиаовари замони муосир ва ояндаи инсоният мебошанд. Мардуми Тоҷикистон душмани худро шинохт, дигар асло ба ҲНИ ва пайравони он бовар нахоҳад кард.
Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳони маҳсуб меёбад, ҳар гуна зарар ҳам ба ҳаёт ва ҳам ба дигар самтҳои ҳуқуқии он маҳкум карда мешавад.
Бояд насли имрӯзаи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонон, рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намояд. Мо бояд беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар саҳмгузор бошем ва ба ҳар гуна андешаи ғаразноки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем, то дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад!
О.Тухтасунов, омӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва амалии ДДХ ба номи Б. Ғафуров