Факултети филологияи ӯзбек – нишонаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек
Дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба “Солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Рӯзи парчами миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.
Дар конференсия аз ҷониби устодон дар мавзӯъҳои “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...”, “Парчам: моҳият ва аҳамияти он дар таърих”, “Факултети филологияи ӯзбек – нишонаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек” маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Хотирнишон месозем, ки конфренсияи фавқуззикр дар доираи Ҳафтаи факултети филологияи узбек ҷараён гирифта, дар идома баргузории чорабиниҳои мухталиф, ба монанди маҳфили хушдилон, ҳамкории адабӣ байни шоирон, озмуни корҳои хаттӣ дар назар аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил