Сайри илмӣ-оммавии ҷавонон ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров
Бахшида ба солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" сайри илмӣ - оммавии ҳайати маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шогирди аллома Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих Ҳабибулло Холҷӯраев бо ҳайати маҳфил доир ба масоили ҳаёт ва фаъолияти ибратпазири Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, академик Бобоҷон Ғафуров, таърихи бунёди осорхона ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи фарҳанг ва бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат табодули афкор намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соли 1998 дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров кушода шудааст, ки он ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Дар фаъолияти осорхона шаклҳои гуногуни кори оммавӣ-тарғиботӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки барои меҳмонон, сокинони вилоят, ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин, дар назди осорхона Маркази илмии «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») амал дорад, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад.
Маркази иттилоот ва таҳлил