Терроризм ва экстремизм пешгирӣ мешаванд!
Устувор гардидани ҳамкориҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар мулоқоти кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба таври рӯшан ба мушоҳида мерасад.
Тавре ки дар рафти музокирот ба назар расид ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳимро яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои сарҳадӣ ба ҳисоб оварданд.
Ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти сарҳадӣ тӯлонӣ бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақомоти низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ду кишвар ва минтақа ҳал намудан яке аз масъалаҳои муҳими музокира ба ҳисоб меравад.
Чӣ тавре, ки ҷонибҳо иброз намуданд “қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат, боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад.
Дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид”.
Мо устодони донишгоҳтаҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Афғонистон ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо меҳисобем, ки барои саривақт пешгирӣ кардани терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.
Муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар оромиву истиқрорро дар кишварҳои Оссиёи Миёна ва Афғонистон таъмин намуда муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоиро мустаҳкам месозад, ки барои амалӣ намудани ин омил ҳарду ҷониб манфиатдоранд.