Терроризм ва хусусиятҳои он
Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи терроризм ва ё экстремизм, барои ба даст овардани ҳокимият низ ҷой дорад. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.
Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира дорои чунин шаклу намуд мебошад:
- таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;
Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).
-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;
Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои дархостӣ: куштори Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афарзод дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.
- рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;
Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад. Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.
Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ ин давлатҳоро ба чи ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. “Баҳори Араб” тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд, ки тавассути он абарқудратҳо тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои Араб оғоз намуданд. Дасисаҳои бозингарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои араб (Сурия, Ироқ, Либия, Яман)-ро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.