Вохӯрӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ
Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ширкати сармутахассиси дастгоҳи иҷроияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмудзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, Усмон Юсуфӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Абдувосит Ғафуров ва муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аюбҷон Усмонов бо доираи васеи донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ба роҳ монда шуда, дар он иштирокдорон доир ба масоили хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намудани тероризм ва эксремизм дар ҷаҳони мутамаддин, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб ва пешгирии хатароти он, заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ дар Тоҷикистон, Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллӣ ва мақсадҳои ғаразноки онҳо мубоҳиса намуданд.
Донишҷӯён низ, доир ба масъалаи зикршуда ва роҳҳои ҳалли он фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил