​Терроризм-хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ

Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бар меорад.

Экстремизм изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргункунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ равона гардидааст.

Имрўз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия, ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, ташкилотҳои экстремистӣ- террористӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд.

Ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод бояд шахсан дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл ҳамроҳ шавад.

Имруз хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои якчанд мактабҳои олӣ гаштааст, ки ба ҳамаи ҷавонон давлат имконият медиҳад, ки бевоситата таҳсил намуда соҳиби маълумоти олии касбӣ шаванд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имруза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ хастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбхо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдахои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту харакатхои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатхои миллӣ, арзишхои халқ, аз хама мухимаш тинҷу амонӣ ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромуш месозанд. ТЭТ ҲНИ мисоли гуфтахои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро борафтору кирдорҳои номатлубаш наонкадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амали намудани мақсадхои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зидди давлатӣ бурда истодааст.

Мо аҳли зиёӣ ҷомеа бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баромад намуда, ҷавонону наврасонро аз гарави эмин нигоҳ медорем.

Саидвалиев Аъзам, омӯзгори кафедраи барномарезӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ