Донишҷӯдухтарон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар хобгоҳи №3-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.
Тадбири мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори устодон ва донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таҳти унвони “Парчам рамзи муқаддаси давлатдорист!” роҳандозӣ гардид.
Дар меҳвари табодули афкори ширкаткунандагон масоили “Парчами давлатии Тоҷикистон – рамзи муқаддаси давлат” ва “Нигоҳи ҷавонон ба оилаи солим” қарор гирифта, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо омӯзиши корнамоии фарзандони фарзонаи миллат ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои маънавӣ ва моддии ниёгон дар роҳи бунёди ҷомеаи солими ҳуқуқбунёд, ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву меҳанпарастии хеш бештар аз пештар талош варзанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил