Изҳорот нисбати ҲНИ
Дар давоми як соли сипаришуда баъзе гуруҳҳои иғвогару ҷудоихоҳ, аз ҷумла ташкилоти терроритсиву экстремистии ҲНИ бо роҳандозии ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ, иғвоандозиву паҳни маълумотҳои бардуруғи мақсаднок дар байни мардум эътибори худро аз даст дод ва ин ниҳодҳои муғриз худро ҳамчун як ниҳоди фурухташуда дар байни хоҷагонашон муаррифӣ карда тавонситанд.
Ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар давоми фаъолияти хеш дар дохили кишвар мардумро бо роҳи фиреб ба доми худ андохта, озодӣ, сулҳу амниятро халалдор намуданд. Ба тамоми қишрҳо таъсири манфӣ расонида, боварии мазҳабии онҳоро поймол карданд.
Тараққиёти кишвар барои баланд бардоштани обрӯву эътибори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон мусоидат кард, аммо ҳаракатҳои ғайриқонунии ин фуруӯхташудаҳо,аз ҷумла фаъолиятҳои террористиву экстремистии онҳо низоми давлатдории Тоҷикистонро халалдор намуд.
Мо тарафдори ҳизбе мебошем, ки барои некуахволии халқ ва баланд бардоштани обруву эътибори тоҷикон хизмат кунад. Ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби назҳати исломӣ ба боварии мардум сазовор шуда натавонист. Дар фаъолияти мақсадноки ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ амалҳои террористиву экстремистӣ ҳама вақт ба мушоҳида мерасид. Бо фаъолияти беадолатонаи худ халқро ба гумроҳӣ ва роҳи нодуруст мебурд. Онҳо мехостанд бо ниятҳои нопоки худро зери ниқоби ҳизб рўйпўш намуда, амалҳои террористиро анҷом диҳанд.
Хулоса мақсадиташкилоти террористии Ҳизби насҳати исломӣ ин иғвогарӣ ва низоандозӣ байни халқи тоҷик мебошад. Роҳбарияти ин ташкилоти манфури ҲНИ аз Ватан фирор намуда, амалҳои терористиро дар хориҷ тарҳрезӣ менаомяд. Онҳо ба Ватан хиёнат мекунанд, дини исломро доғдор менамоянд.
Алимова М.А.