Зуҳуроти номатлуби давр
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта, ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Терроризм ва ифротгароӣ бо ҷамъияти инсонӣ таърихи баробар дорад, яъне ин ҷурми инсон ҳеҷ гоҳ аз ҷамъият берун набудааст.
Мавзӯи мазкур баробари таърихи ҷамъияти инсонӣ таърих дорад. Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Ин ҷурми тули таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Роҳбарони пасипардагии онҳо ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро ба сӯи марг мефиристанд. Бо ин амал номи худро ҳамчун тимсоли бадию вайронкорӣ дар саҳифаҳои таърих бо хатти сиёҳ навиштаанд.
Террористон барои эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ ҷаҳд менамоянд. Онҳо мехоҳанд бо эҷоди издиҳом бар тӯдаҳои одамон нуфуз пайдо кунанд, мувофиқ ба хости худ ба мағзҳои одамон ғояҳои муғризонаи худро шакл бахшанд. Чун террористон бо ҳар гуна роҳу васила ба рӯҳу мағзи одамон таъсир расонида мехоҳанд ба ихтиёри худ дароранд, ва ба ин васила, ба қудрати зиёде соҳиб мегарданд. Дар ҳақиқат террористон мехоҳанд дар давлатҳои алоҳида ҳукмрон шуда, ба онҳо сару сомони ба дидашон мувофиқ бахшанд. Онҳо ба кору амале даст мезананд, ки танҳо хости худашон аст. Ба он ки ҷаҳониён дар бораашон чи назаре хоҳанд дошт, аҳамият намедиҳанд. Терроризм ҷурм аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие (холофати исломӣ) ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесубот, хароб ва ба хоки сияҳ баробар шудаанд. Табақае аз мардумро дар муқобили табақаҳои дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронида, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд.
Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад. Умуман маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.